Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 7 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмиву техникии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкориҳои хуби дипломативу иқтисодӣ дорад. Таъкид гардид, ки ҷонибҳо метавонанд бо истифода аз имконоти мавҷуда робитаҳоро дар арсаи воридоту содироти молу маҳсулот ва илму маориф тақвият бахшида, тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар хушҳолии хешро аз истиқболи гарму самимӣ изҳор дошта, қайд кард, ки ҳадафи сафари дипломатҳои покистонӣ низ мустаҳкам намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва пайвандҳои дӯстӣ миёни ду миллат аст.

Ҳайати меҳмонон ҳамзамон таасуроти худро аз ин сафар ва боздидҳояшон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд баён карда, таъкид намуданд, ки вилояти Суғд воқеан ҳам дорои имкониятҳои хуб мебошад.

Имрон Ҳайдар инчунин омодагии кишварашро ҷиҳати ба роҳ мондани боркашониҳо тавассути бандарҳои баҳрӣ ва ташкили нуқтҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои Покистон эълон дошт.

Тарафҳо ҳамзамон доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши илму маориф ва таҳсили ҷавонони покистонӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии вилояти Суғд мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар