Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд

( 0 Овоз )

7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Франсия мулоқот карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо ҳамватанон изҳори хушнудӣ карда, бо онҳо дар бораи пешравиҳои Ватан ва оид ба рӯйдодҳои муҳим дар кишвари маҳбубамон суҳбат карданд.

Таъкид гардид, ки имсол мардуми кишвар 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, барои истиқболи сазовори 30-солагии ин санаи муҳим талош меварзанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати мамлакат бо аксари кулли кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, андешаронӣ карданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Пешвои миллат ва намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия суҳбати самимӣ доир шуд.

Иштирокчиёни мулоқот ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳи беандозаашон нисбат ба ҳамватанон изҳори сипос карданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд