Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ду хати нави технологияи истеҳсолиро дар ҶСП «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд - 01.07.2020 10:16
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд - 01.07.2020 10:19
Президенти мамлакат аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Деваштич дидан карданд - 01.07.2020 10:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд - 02.07.2020 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдою хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд - 02.07.2020 07:57
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»-ро ба истифода доданд - 02.07.2020 07:58
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён»-ро ифтитоҳ намуданд - 02.07.2020 08:52

Боздиди Раиси вилоят аз сардхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

30 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти сардхонаҳои ноҳия шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов аз сардхонаи соҳибкор Абдуқаҳҳор Очилов боздид намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар сардхона метавон то ҳазор тонна маҳсулотро нигаҳдорӣ намуд ва то имрӯз 200 тонна ангур захира карда шудааст.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ ба соҳибкор дастур дод, ки иқтидори сардхонаро пурра истифода бурда, барои захирасозии маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, сабзӣ ва картошка чораҷӯӣ намояд.

Сипас, Раиси вилоят дар ҳамин ҷамоат фаъолияти сардхонаи соҳибкор Зикрулло Ёқубовро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тибқи иттилои соҳибкор дар сардхона дар маҷмуъ 400 тонна ангур ва себ захира гардида, дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ як қисми маҳсулоти кишоварзон низ дар шароити хуб нигаҳдорӣ карда мешавад.

Зикрулло Ёқубов ҳамзамон дар суҳбат бо Раиси вилоят таъкид кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як сардхонаи навро мавриди истифода қарор хоҳад дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аз иқдоми соҳибкор истиқбол намуда, иброз дошт, ки таъмини бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ аз фаъолияти мунназами сардхонаву гармхонаҳо вобастагии калон дорад.

Дар идома Раиси вилоят бо вазъи кунунии сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” ошно шуда, ҷиҳати захирасозии маҳсулот, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таъмини бозорҳои вилоят бо меваҷоту сабзавот дар тамоми фаслҳои сол ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз сардхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров