Хабарҳо
Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​ - 16.10.2019 17:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

8 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар кард.

Дар асони боздид Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои саҳроиро дар пахтазори хоҷагии деҳқонии «Азизбек»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва хоҷагии деҳқонии «Норбой»-и Ҷамоати деҳоти Гулхона мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 5702 гектар пахта кишт гардида, ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дорад. Ҳамарӯза то 6000 нафар саҳмдорону ҳашарчиён барои ҷамъоварии пахта дучанд меҳнат намуда истодаанд ва заркорони ноҳия то имрӯз 6045 тонна “тиллои сафед”-ро ба хирман супоридаанд. ​ ​ ​

Зимни суҳбат бо хоҷагидорону чинакчиён Раиси вилоят иброз дошт, ки роҳбарияти ноҳия ва хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ва ташкили дурусти кору сафарбаркунии саривақтии чинакчиён ҳосилро пурраву беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Сипас, Раиси вилоят аз корхонаҳои пахтатозакунии ҶДММ «Тиллои сафед», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона ва ҶСП «Суғдстандарткоттон», воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод боздид намуд. Ба иттилои масъулин ҶДММ «Тиллои сафед» аз моҳи марти соли 2016 инҷониб фаъолият дошта, дар корхона 10 нафар кормандони доимӣ ва 42 нафар кормандони мавсимӣ фаъолият мебаранд. Дар ҶСП «Суғдстандарткоттон» бошад 38 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар кормандони мавсимӣ фаъолият доранд.

Раиси вилоят ҳангоми боздид ва шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо ба масъулин бобати сари вақт қабул намудани пахта ва ба роҳ мондани коркарди ашёи хом, инчунин зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо дод.

Бояд таъкид кард, ки зимни шиносоиву боздидҳо аз тарафи Раиси вилоят ба як қатор механизаторону кормандони пешқадами корхонаҳо ва чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов