Хабарҳо
Мулоқоти номазадҳо бо интихобкунандагон дар Хуҷанд - 25.02.2020 16:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ - 24.02.2020 17:00
Конибодом. Баргузории мизи муддавар дар мавзӯи “Занон ва интихобот” - 24.02.2020 15:51
Форуми вилоятӣ-вохӯрии наслҳо таҳти унвони «Симои зани тоҷик» баргузор мегардад - 24.02.2020 15:51
Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд - 23.02.2020 15:45
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон - 24.02.2020 10:58
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.02.2020 08:35
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди маҷмааи меҳмонхонаҳо дар ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )

11 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ рафти корҳои сохтмониро дар маҷмааи меҳмонхонаҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Маҷмааи меҳмонхонаҳо дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд гардида истодааст. Иншооти мазкур бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид барои сокинон ва меҳмонону сайёҳон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва саҳмгузории корхонаҳои саноатии дар ноҳияи Айнӣ фаъолиятбаранда сохта мешавад.

Мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати нотакрору манзараҳои дилфиреби ноҳияи Айнӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоид аст ва маҳз бо назардошти ҳамин омил барои истироҳату фароғати сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити созгор фароҳам оварда хоҳад шуд.

Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳо иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “КСМ-278” бар уҳда доранд ва лоиҳаи меҳмонхонаҳоро мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” омода намудаанд. Маҷмааи меҳмонхонаҳо аз ду бинои асосӣ ва биноҳои ёрирасон иборат буда, дар ҳудуди иншоот бунёди кӯли сунъӣ, шаршара, фаввораҳо, истгоҳи нақлиёту майдони тенисбозӣ ба нақша гирифта шудааст.

Масоҳати умумии иншооти сохташаванда 16633,91 метри мураббаъро дар бар гирифта, айни замон корҳои сохтмониву бетонрезӣ ҷараён дорад.

Раиси вилоят дар аснои суҳбат бо мутахассисону сохтмончиён ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани иншоот ва ҳангоми иҷрои корҳо истифода бурдани масолеҳи сохтмонии ватанӣ тавсияҳои судманд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди маҷмааи меҳмонхонаҳо дар ноҳияи Айнӣ