Хабарҳо
Мулоқоти номазадҳо бо интихобкунандагон дар Хуҷанд - 25.02.2020 16:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ - 24.02.2020 17:00
Конибодом. Баргузории мизи муддавар дар мавзӯи “Занон ва интихобот” - 24.02.2020 15:51
Форуми вилоятӣ-вохӯрии наслҳо таҳти унвони «Симои зани тоҷик» баргузор мегардад - 24.02.2020 15:51
Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд - 23.02.2020 15:45
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон - 24.02.2020 10:58
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.02.2020 08:35
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуданд

( 0 Овоз )

Шоми 10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал оварданд.

Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ- фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманди тоҷик бо самимияти хосса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди боғи мазкур ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтааст. Лоиҳаи боғро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошта, он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминийи Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.

Дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидааст. Беш аз 4 гектар замини ҳудуди боғ сабзазор буда, барои хуррамгардонӣ 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабз, ки ҳамаи он аз хориҷи мамлакат оварда шудаанд ва садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Шабона барои равшаннамоии боғ 100 адад чароғ бо сутунпояи 6- метра, 82 адад 10-метра ва 2 адад 15-метра насб гардидаанд. Боғ ду даромадгоҳ- аз қисми ғарбӣ ва шарқӣ дошта, онҳо бо санъати меъмории миллӣ оро ёфтаанд. Баландии даромадгоҳи қисми ғарбии боғ 12,5 ва паҳноии он 40 метрро ташкил медиҳад. Баландии даромадгоҳи қисми шарқии он 4,5 ва паҳноияш 15 метр аст. Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаанд.

Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуд аттраксионҳо насб гардида, ҳудуди боғро 18 адад фаввораи хурду бузург зебу зиннат бахшида, ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунанд. Бо бунёди Боғи марказии фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Cайид Алии Ҳамадонӣ барои сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардида, аз фароҳам шудани чунин инконият сокинони шарафманди ин гӯшаи диёр рӯҳбаланд мебошанд.


Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуданд