Хабарҳо
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин - 16.08.2019 16:06
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори рӯзи кормандони тиб - 16.08.2019 15:45
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 16.08.2019 15:40
Конибодом. 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 6,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуд - 16.08.2019 10:14
Нақшаи кишти такрорӣ дар вилояти Суғд иҷро гардид - 16.08.2019 09:59

Раҷаббой Аҳмадзода: Иди саиди Қурбон - иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат ва покию назофат аст!

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Субҳи имрӯз сокинони вилояти Суғд дар масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо намози Иди саиди Қурбонро барпо дошта, барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди саиди Қурбон табрик намуд.

Зимни ироаи паёми табрикии худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Иди саиди Қурбон иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию назофат ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва дар ташаккули маънавии инсон ва такмили ахлоқи ҳамида мусоидат менамояд.

- Мардуми меҳнатқарини кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мисли тамоми мусулмонҳои ҷаҳон иди саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозиро дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.

Боиси таъкид аст, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат сол аз сол маърифати маънавию ахлоқии шаҳрвандон боло рафта, дар арафаи ҷашну идҳо таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси баландҳиммат нисбати дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, таъмиру тармими муассисаҳои иҷтимоӣ, мактабу кӯдакистон, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, беморхона, китобхона, ҳаммом, бунёди роҳу кӯчаҳо, ободонии маҳаллаву деҳаҳо, таъмиру тармими пулҳо ва дигар корҳои ободонӣ ба анъанаҳои нек табдил ёфта истодааст,- таъкид намуд Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода изҳори боварӣ кард, ки ки мардуми вилоят чун тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо истифода аз имкониятҳо барои ободию пешрафти Ватани маҳбубамон фаъолият намуда, барои анҷом додани рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандияшон ба таври доимӣ кӯшиш менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин рӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамзамон ба масҷиди ҷомеи “Нури Ислом”-и шаҳри Хуҷанд, масҷиди ҷомеи “Шайх Абулқосими Гургонӣ”-и ноҳияи Айнӣ, масҷиди ҷомеи “Сарв”-и шаҳри Конибодом, масҷиди ҷомеи “Нури имон”-и ноҳияи Ашт, масҷиди ҷомеи “Ҳоҷӣ Абдуалӣ ибни Абдуманнон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, масҷиди ҷомеи “Имоми Аъзам”-и шаҳри Бӯстон, масҷиди ҷомеи “Имом Бухорӣ”-и шаҳри Гулистон, масҷиди ҷомеи “Абӯбакри Сиддиқ”-и ноҳияи Деваштич, масҷиди ҷомеи “Имом Бухорӣ”-и ноҳияи Зафаробод, масҷиди ҷомеи “Ҳазрати Шоҳ”-и шаҳри Истаравшан, масҷиди ҷомеи “Абӯбакри Сиддиқ”-и шаҳри Истиқлол, масҷиди ҷомеи “Ҳоҷиён”-и шаҳри Исфара, масҷиди ҷомеи “Муҳаммад Дарвеши Хуҷандӣ”-и ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, масҷиди ҷомеи “Ҳазрати Усмон”-и ноҳияи Мастчоҳ, масҷиди ҷомеи “Муҳаммад ибни Башоро”-и шаҳри Панҷакент, масҷиди ҷомеи “Ҷабборқулота”-и ноҳияи Спитамен, масҷиди ҷомеи “Нури Ислом”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва масҷиди ҷомеи “Алӣ ибни Абӯтолиб”-и ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Қурбонро ба самъи сокинони шаҳру ноҳияҳо расониданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода: Иди саиди Қурбон - иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат ва покию назофат аст!