Хабарҳо
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23
“Воҳиди таъиноти махсуси милитсия сипари ҷомеа аст” – бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии воҳиди таъиноти махсус - 06.12.2019 09:51
Ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон - мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ноҳияи Айнӣ - 06.12.2019 09:46
5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид - 06.12.2019 09:43
Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​ - 05.12.2019 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 05.12.2019 15:52
Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт - 05.12.2019 14:03
Баргузории даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” дар Бӯстон - 05.12.2019 10:01

Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

​Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Рӯзи 8 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ ҷараёни корҳои созандагӣ дар шаҳри Хуҷандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раиси вилоят аз ҷумла бо рафти навсозии меҳмонхонаи “Ленинобод” шинос гардида, барои бо сифати баланд ва тибқи меъёрҳои муқарраршуда ба истифода додани иншоот ба масъулин супоришҳо дод. Тавре ҳангоми боздид аён гардид, навсозии меҳмонхона тибқи нақша ҷараён дошта, сохтмончиён барои омодасозии ҳуҷраҳои истироҳатӣ, қаҳвахона, мағозаҳои фирмавӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори машқу тамрин, истгоҳи нақлиётӣ ва дигар иншооти ёрирасон машғуланд.

Сипас, Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” ошно шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, то имрӯз дар зеристгоҳ ду адад трасформатори 25 000 кВА насб карда шуд ва айни ҳол насби дигар таҷҳизоти зарурӣ барои қабул ва интиқоли нерӯи барқ идома дорад. Корҳои сохтмонии зеристгоҳ аз тарафи мутахассисони корхонаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” ба анҷом расонида мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки сохтмони зеристгоҳи нави барқии «Темурмалик» моҳи июли соли гузашта бо маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 4 миллион доллар оғоз ёфта буд. Бо фаъол гардидани ин зеристгоҳ зеристгоҳҳои дигари шаҳр камбор гардида, талафоти нерӯи барқ низ кам хоҳад шуд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят дар маҳаллаи 30-юми шаҳри Хуҷанд раванди насби таҷҳизот дар коргоҳи равғанбарории ширкати «Зирвеко»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Ба иттилои мутахассисон дар коргоҳи равғанбарорӣ бо истифода аз технологияи истеҳсоли давлатҳои Чин ва Италия равғани баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ омода карда мешавад.

Ҳангоми истеҳсоли равған он ба воситаи дастгоҳҳо дар чанд марҳила полоиш меёбад ва дар натиҷа равғани баландсифат омода карда мешавад. Иқтидори истеҳсоли коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз 30 тонна буда, он асосан равғани хоми пахта, рапс, зағир ва дигар зироатҳои равғандеҳи истеҳсоли хориҷиро бо сифати баланд коркард намуда, ба харидорон пешниҳод менамояд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳри Хуҷанд