Хабарҳо
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин - 16.08.2019 16:06
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори рӯзи кормандони тиб - 16.08.2019 15:45
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 16.08.2019 15:40
Конибодом. 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 6,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуд - 16.08.2019 10:14
Нақшаи кишти такрорӣ дар вилояти Суғд иҷро гардид - 16.08.2019 09:59

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат дидан намуданд

( 0 Овоз )

Дар саҳни майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯби табақ, қошуқ, чахчӯ, даҳҳо номгӯи нонҳои миллӣ, самбӯса, фатир, кулча, фатирхамир, гирда, қалама, чаппотӣ, орзуқ, чагалдак ва таомҳои миллӣ, умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ ба маъраз гузошта шуданд.

Намоишгоҳро дастовардҳои ҳунармандон ҷаззобу диққатҷалбкунанда гардонида, маҳсулоти пешниҳоднамуда бо маҳорати нотакрор ва ҳунари воло таҳия шуда буд.

Ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат ба шуғли сердаромади сокинон табдил ёфта, тайи солҳои охир ба таври густурда рушд кардаанд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба маҳсули эҷоду офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати баланди кадбонугии занону духтарон дар тайёр кардани таомҳои миллию нонпазӣ баҳои баланд доданд.

Мавриди таъкид аст, ки дар шаҳри Ваҳдат барои дастгирии ҳунармандон шароиту имконоти васеъ фароҳам оварда шуда, дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо марказҳои касбомӯзӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар як гӯшаи намоишгоҳ асбобҳои зарбӣ ва созҳои миллӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуда, аз ҷониби ҳунармандон суруду таронаҳои дилнишин иҷро гардиданд.

Дар баробари ин маҳсули дасти ҳунаромӯзони Мактаби рассомии бачагонаи шаҳр ба намоиш гузошта шуд, ки басо диққатҷалбкунанда буд.

Офаридаҳои дастпарварони ин мактаби рассомӣ таҷассуми табиати зебои диёр ва тарғибгари мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҷумҳуриамон мебошанд, ки аз ҳунари волои наврасони эҷодкор башорат медоданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат дидан намуданд