Хабарҳо
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23
“Воҳиди таъиноти махсуси милитсия сипари ҷомеа аст” – бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии воҳиди таъиноти махсус - 06.12.2019 09:51
Ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон - мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ноҳияи Айнӣ - 06.12.2019 09:46
5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид - 06.12.2019 09:43
Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​ - 05.12.2019 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 05.12.2019 15:52
Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт - 05.12.2019 14:03
Баргузории даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” дар Бӯстон - 05.12.2019 10:01

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

1 августи соли 2019 дар маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 маълумот дод.

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд, - иброз дошт Раиси вилоят ва дар идома афзуд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию  иҷтимоии  вилоят таъмин шудааст.

Таъкид гардид, ки маҷмўи маҳсулоти минтақавии вилоят дар давраи ҳисоботӣ ба 7,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиш ба андозаи 107,8  фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 5,6 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 108,3 фоиз таъмин гардид.

Дар соҳаи саноат таваҷҷўҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ 605,5 ҳазор тонна семент ва 660,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,2 баробари зиёд мебошад.

Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят то соли 2021 бунёди 300 корхонаи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда, аз 100 корхонаи ба нақшагирифташудаи соли равон то ин дам 59 корхонаи нав бо 642 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 850,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки баробари 117,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин  давраи соли 2018 мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ барои ҳосили соли 2019 дар вилоят 274,7 ҳазор гектар кишт гузаронида шуда, нақшаи кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.

Дар нимсолаи якум 44,2 ҳазор тонна картошка, 67,5 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 32,5 ҳазор тонна пиёз,  60,3 ҳазор тонна мевагӣ, аз ҷумла 59 ҳазор тонна зардолу, 8,8 ҳазор тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 истеҳсоли картошка 19,1 ҳазор тонна ё 1,7 маротиба, сабзавот 312,6 тонна, мевагиҳо 12,3 ҳазор тонна ё 1,2 маротиба, аз ҷумла зардолу 12 ҳазор тонна ё 1,3 маротиба  ва  полезиҳо 307,2 тонна афзудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, аз қабили гўшт 18,2 ҳазор тонна, шир 133,8 ҳазор тонна, тухм 181,5 миллион дона, асал 172,8 тонна, пашм 1213,9 тонна ва пилла 308,5 тоннаро ташкил намуд.

Бо мақсади роҳандозӣ намудани таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо аз ҳисоби буҷети вилоят барои ба мавсими киштукори имсола омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 5,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 1,3 миллион сомонӣ, Мастчоҳ 1 миллион сомонӣ, Ашт 900 ҳазор сомонӣ, Панҷакент 700 ҳазор сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 700 ҳазор сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров 400 ҳазор сомонӣ ва Ҷаббор Расулов 400 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуд ва маблағгузории асосӣ дар ин давра дар ҳаҷми 646,3 миллион сомонӣ азхуд шуда, корҳои сохтмонию васлгарӣ  ба маблағи 509,2 млн. сомонӣ иҷро гардидааст, ки мутаносибан баробари 114 ва 107 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 мебошад.

Зикр карда шуд, ки маҳз дар натиҷаи таъмин гардидани рушди бонизоми соҳаҳо дар давраи ҳисоботӣ муаяссар шуд, ки нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ)  ба андозаи 103,2 фоиз таъмин гардад. Ба буҷет 1 миллиарду 159,1 миллион сомонӣ  ворид гардид, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 36,3 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Раиси вилоят ҳамзамон таъкид кард, ки бо мақсади бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят корҳои созандагию ободонӣ бомаром идома дорад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар вилоят бунёд ва таҷдиди 6969 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар соли ҷорӣ бунёди 2712 иншоот ба нақша гирифта шуда, 1429 иншоот ба истифода дода шуд, ки 52,6 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад.

Дар маҷмӯъ, то ин давра наздик 2781 иншооти гуногун ба истифода дода шуда, нақшаи умумӣ 39,9 фоиз иҷро шудааст.

Раиси вилоят дар поёни нишасти матбуотӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфта, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба нерӯи созандаи аҳли қалам арҷ мегузорад. Зеро нақши иттилоот дар замони муосир хеле барҷаста буда, кормандони воситаҳои ахбори умум вазифаи басо пурмасъулият ва муҳим - таъмин намудани ҷомеа бо иттилоот ва рушди афкори солимро бар дӯш доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода