Хабарҳо
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин - 16.08.2019 16:06
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори рӯзи кормандони тиб - 16.08.2019 15:45
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 16.08.2019 15:40
Конибодом. 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 6,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуд - 16.08.2019 10:14
Нақшаи кишти такрорӣ дар вилояти Суғд иҷро гардид - 16.08.2019 09:59

Зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

( 0 Овоз )

Рӯзи 31 июл бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва фаъолони шаҳр таъкид дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ба ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зикр гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи сипаришуда дар вилоят азнавсозӣ ва таъмиру тармими 13 беморхона, 4 бунгоҳи саломатӣ, 12 маркази саломатӣ, 9 таваллудхона, 31 нуқтаи хатнаи кўдакон ва 23 дорухона ба итмом расонида шуд.

Дар чаҳорчуби корҳои бунёдкорӣ зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд низ бо харҷи беш аз 1 миллиону 30 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ гардид. Ин имкон фароҳам меорад, ки барои беш аз 120 ҳазор аҳолии соҳили рости шаҳри Хуҷанд хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода иброз дошт, ки азнавсозӣ гардидани зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд имконот ва шароити арзандаро барои табибони ин муассисаи тандурустӣ фароҳам хоҳад овард. Давлату Ҳукумат ҳамеша кӯшиш менамояд, ки иқтидорҳои пойгоҳи соҳаи тандурустиро тақвият бахшад ва табибони варзида тамоми амалиёту табобатҳоро дар дохили кишвар ба роҳ монанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд ҳанӯз соли 1952 дар назди беморхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, аз соли 1985 чун сохтори алоҳида фаъолият менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт