Хабарҳо
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01
Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти мамлакат баён гардиданд, тасдиқ гардид - 19.02.2020 13:59
Мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон дар шаҳри Панҷакент - 19.02.2020 13:48
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 18:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари кории худ ба водии Зарафшон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 15 май аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ боздид намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ аз наздик шинос шуд.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон сохтмони биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ идома дорад, ки ба мавриди истифода қарор гирифтани онҳо симои маркази ноҳия куллан дигаргун гардида, барои кормандони сохторҳои гуногун шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.

Зимни боздиди корӣ Раиси вилоят бо сокинони ноҳия суҳбат намуда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ сохта мешавад.

-Дар маҷмуъ, то соли 2021 бо маблағгузориҳо аз сарчашмаҳои гуногун дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони 110 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз алаккай 35 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, - илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Сипас, Раиси вилоят ҷараёни корҳои ободониву бунёдкориро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо рафти сохтмони бинои Беморхонаи марказии ноҳия, бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бинои Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бинои Суди ноҳия ва бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ошно гардид.​

Раиси вилоят ҳангоми шиносоиҳо ба масъулини соҳаи сохтмон ва роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки сифати корҳои сохтмониро мунтазам назорат намуда, барои ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст намудани иншооти сохташаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят собиқадори меҳнат Ҳусейнхӯҷа Мансуровро аёдат намуд. Номбурда аз соли 1978 то соли 2017 баҳри пешрафти иқтисодиёт фаъолият бурда, айни замон нафақахур мебошад. Дар аснои аёдат Раиси вилоят аз хизматҳои Ҳусейнхӯҷа Мансуров ёдрас шуда, ба ӯ саломативу рӯзгори хушро таманно кард.​

Ҳамчунин худи ҳамин руз тибқи супориши роҳбари вилоят Изатулло Қосимзода, сокини Ҷамоати деҳоти Иван - тоҷики нохия аёдат карда шуда, ба ӯ аз номи Раиси вилоят маблағи пуливу маводи хӯрока тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ