Хабарҳо
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01
Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти мамлакат баён гардиданд, тасдиқ гардид - 19.02.2020 13:59
Мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон дар шаҳри Панҷакент - 19.02.2020 13:48
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 18:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04

Боздиди Раиси вилоят аз Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал ва оромгоҳи Шамси Табрезӣ

( 1 Овоз )

15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Айнӣ оромгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва Мавлоно Шамси Табрезиро зиёрат кард.

Мақбара ва осорхонаи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар зодгоҳаш деҳаи Зосун қарор дорад ва он соли 2015 бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта шуда, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал таъсис дода шуд. Маҷмаа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат буда, имрӯзҳо ба макони дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст.

Оромгоҳи Мавлоно Шамси Табрезӣ дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч воқеъ аст ва тибқи бархе ривоятҳо Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаб дафн карда шудааст. Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ яке аз шахсиятҳои камназири олами ирфон маҳсуб ёфта, аз муршидони асосии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор меравад.

Раиси вилоят пас аз зиёрати оромгоҳи шахсиятҳои маъруф бо сокинони ноҳия суҳбат намуда, оид ба рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод ва иброз дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо то соли 2021 танҳо дар ноҳияи Айнӣ беш аз 400 иншоот мавриди истифода қарор мегирад.

Дар зимн ба роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд, ки ҷиҳати ба ободонӣ фаро гирифтани атрофи зиёратгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал ва оромгоҳи Шамси Табрезӣ