Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Раҷаббой Аҳмадзода сокини ноҳияи Айнӣ Достонбой Шодмонови 29 соларо аёдат намуд

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба водии Зарафшон сафар кард.

Дар оғози сафар Раиси вилоят дар ноҳияи Айнӣ сокини 29 солаи ноҳия Достонбой Шодмоновро аёдат намуд ва ӯро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиндагиву фаъолияти шахсони​ ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дошта, барои дастгирии маъюбону ятимон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.​

-Роҳбарияти вилояти Суғд низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони яккаву танҳо ва ятимону ниёзмандонро мунтазам дастгирӣ намуда, барои таъмини зиндагии осоиштаи онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд,- таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ Достонбой Шодмонов ҳангоми суҳбат бо Раиси вилоят перомуни зиндагии худ ва нақшаву орзуҳояш маълумот дода, сипосмандии худро ҷиҳати дастгириҳои доимӣ баён сохт.

Ба номбурда аз тарафи Раиси вилоят 1000 сомонӣ кӯмакпулӣ ва маводи ғизоӣ аз қабили орд, шакар, биринҷу макарон ва ғайраҳо тақдим карда шуд.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят ҳамзамон Корманди шоистаи Тоҷикистон Гулчеҳра Саъдуллоеваро аёдат намуда, ба ӯ саломатии бардавом таманно кард. Гулчеҳра Саъдуллоева зодаи ноҳияи Айнӣ буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини раиси ноҳияи Айнӣ кор кардааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода сокини ноҳияи Айнӣ Достонбой Шодмонови 29 соларо аёдат намуд