Хабарҳо
Ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим шуд - 26.06.2019 09:54
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони марказии ноҳияи Лахшро бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ карданд - 26.06.2019 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд - 26.06.2019 07:51
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 13:42

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

( 0 Овоз )

14 май дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии чорабиниҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси роҳбарияти вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва як моҳи ҷавонӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмот, бокс, гӯштини камарбандӣ, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, волейбол, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, тирпаронӣ ва картинг мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида хоҳад шуд. Ин мусобиқаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Исфара ҷараён мегиранд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар маросими кушодашавии чорабиниҳои варзишӣ иброз дошт, ки мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар чунин сатҳ бори аввал гузаронида шуда, мақсади асосӣ аз ташкили мусобиқаҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани робитаҳои дўстӣ байни варзишгарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайқал додани маҳорати варзишгарони касбӣ, инчунин таъмини оммавияти варзиш маҳсуб меёбад.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин таъкид кард, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар вилоят садҳо иншооти варзишӣ бунёд мегардад ва барои ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

- Бунёд ва истифодаи инфрасохтори варзишӣ дар вилоят сол аз сол беҳтар гардида,​ танҳо давоми соли 2018 ва чор моҳи сипаришудаи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 124 иншооти варзишӣ ба маблағи 12,5 миллион​ сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва 26,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Танҳо тўли чор моҳи сипаришуда, дар ҳудуди вилоят беш аз 550 мусобиқаҳои оммавӣ - варзишӣ ва солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки зиёда аз 123,4 ҳазор нафар наврасону ҷавонон,​ аз ҷумла 41 ҳазор нафар духтарон ташкил ва гузаронида шуданд, - илова намуд Раиси вилоят.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд илова бар варзишгарони вилоят варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи​ ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон кишварҳои Ўзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ ширкат меварзанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тениси рӯи миз (байни бонувон) оғоз ёфт, ки он рӯзи 15 май низ идома меёбад.


Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон