Хабарҳо
Ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим шуд - 26.06.2019 09:54
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони марказии ноҳияи Лахшро бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ карданд - 26.06.2019 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд - 26.06.2019 07:51
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 13:42

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба пешвози ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони даҳҳо иншооти гуногун идома дорад.

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни сохтмони як қатор иншоотро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раиси вилоят аз ҷумла бо рафти бунёди кӯдакистони хусусӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, кӯдакистони нав аз ҷониби соҳибкорзан Олтуной Бутаева сохта мешавад ва харҷномаи лоиҳавии он 1 миллиону 100​ 000 сомониро ташкил медиҳад. Бинои сохташаванда аз ду ошёна иборат буда, бо ифтитоҳи он 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳад шуд. Ин шашумин кӯдакистони хусусӣ дар ноҳия маҳсуб ёфта, шумораи умумии кӯдакистонҳои ноҳия 19 ададро ташкил мекунад.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо ҷараёни сохтмони корхонаи коркарди пахтаи «Органик-ян» шинос гардида, бунёди корхонаро барои баланд бардоштани нуфузи саноатии ноҳия саривақтӣ арзёбӣ кард.

«Органик-ян» корхонаи муштарак буда, дар он дар марҳилаи аввал 5 ҳазор тонна пахта коркард ва 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд. Чуноне аён гардид, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, беш аз 60 нафар сохтмончиён машғули коранд.

Дар чаҳорчуби корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳи мошингарди “Меҳробод-Спитамен” навсозӣ гардида истодааст. Дарозии роҳи таҷдидшаванда се километрро ташкил дода, айни ҳол корҳои сохтмонӣ тибқи нақша пеш меравад.

Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳо Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар доираи корҳои навсозӣ ҷиҳати чароғонкунии роҳи мазкур низ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Ҷаббор Расулов