Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Абдухолиқи Набавӣ: «Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад»

( 0 Овоз )

ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи Устод Садриддин Айнист. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, то бахшида ба 141-солагии сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин  Айнӣ куллиёти нави устод Айниро   бо такмил ба нашр расонад.

Бояд гуфт, ки хизматҳои устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ аввалин шахсиятест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ вобастагии ногусастанӣ дорад. Барои устод Айнӣ ҳамчун барои тамоми сухансароён хақиқати воқеӣ сарчашмаи асосии эҷодӣ буд. Хизмати устод С. Айнӣ махсусан дар инқилоби маданӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ, забони адабии тоҷик, тарбияи адибони давраи нави Тоҷикистон ва пешрафти илму фарҳанги халқи тоҷик назаррас аст. Айнӣ бо эҷодиёти худ ҷаҳониёнро бо адабиёти бой ва рангини халқи тоҷик шинос намуд.

Бахшида ба 141-солагии Айнӣ ва саҳми беназири устод дар ташаккулу инкишофи адабиёту фарҳанг ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Абдухолиқи Набавӣ андешаҳои худро ба мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН   чунин баён дошт:

-Садриддин Айнӣ як саҳифаи сифатан нав дар таърихи адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи тоҷик мебошад. Агар аз асри IX-X то асри XX адабиёти мо классикӣ ва оламгир дониста мешуд, вале тарзу тариқи тасвираш асосан романтикӣ, равонӣ ва ирфонӣ буд. Аммо аз ибтидои асри XX сар карда, дар афкори адабии тоҷикии мо тағйироти сифатӣ ба вуҷуд омад.

Адабиёт ва зиндагии аҳли ҷомеаи Осиёи марказӣ, онҷое, ки тоҷикон зиндагӣ мекарданд, ба муҳимтарин масъалаҳои асри нав ҳамоҳанг шуданд ва ин ҳамоҳангӣ буд, ки мо бояд дарди замонамон, ҳоламон, он вазъеро, ки дорем, шиносем. Ба зиндагӣ, воқеъият, таърихи имрўзамон мутаваҷҷеҳ шавем. Ҳамин як тағйири сиёсӣ-иҷтимоӣ дар афкори мардуми тоҷик сабаби тағйир дар тафаккури адабӣ шуд, ки онро бо номи афкори адабии воқеъгаро ё реалистӣ гӯшзад мекунанд. Ва дар оғоз ин афкори адабӣ характери маорифпарварӣ дошт. Баъдтар маорифпарвари насли дуюм- ҷадидҳо буданд ва онҳо кўшиши зиёд карданд, ки адабиётро ба ҳаёти ҳаррўзаи мардум наздик кунанд, сода ва забонашро фаҳмо кунанд. Онҳо мехостанд, ки ин адабиёт  мушкилоту масъалаҳои зиндагии мардумро фаро гирад. Дар ҳамин росто устод Садриддин Айнӣ ҳамчун як адиби рўшанфикр дар паҳлўи нависандагоне, чун Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат, Аҷзии Самарқандӣ, Мирзосироҷи Ҳаким иштирок доштанд. Инҳо насли нави маорифпарварон пас аз Аҳмади Дониш буданд ва адабиёти моро воқеан аз ҷиҳати сифат тағйир доданд.

Он кўшишҳое ки ҷадидҳою навхоҳон карда буданд, то дараҷаи шакли комили адабиёт нарасид. Айнӣ ба он маънӣ асосгузори адабиёти навини тоҷик дониста мешавад, ки пас аз Инқилоби октябр, баъди он ки давлати тоҷикон ба вуҷуд омад ва  талошҳо барои омўхтан, ҳимояи таърихи мардуми тоҷик ба арсаи иҷтимоиёт баромаданд, барои онҳое, ки мавҷудияти халқи тоҷикро дар Осиёи Миёна инкор мекарданд, барои ба мардуми тоҷик фаҳмонидани таъриху зиндагӣ ва ҳастии худаш аз нафарони фаъол буд. Ин фаъолияти иҷтимоӣ устодро ба як шахсияти пешсафу пешрави адабӣ табдил дод. Муҳимтарин коре, ки устод Айнӣ карданд, ин бунёд гузоштан ба адабиёти нави воқеъгарои тоҷикӣ буд. Устод ин корро бо таълифи шеърҳо, асарҳои насрӣ, осори илмӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таълифи асарҳои таърихии калони худ анҷом дод.

Бояд гуфт, ки тамоми фаъолияти эҷодии устод Айнӣ дар ибтидои бунёдгузориҳо ба ҳам иртибот дошт. Яъне, ҳам таърихнависӣ, мақоланависӣ, асари адабинависӣ ва ҳам шеърнависияшон дар кулл ҳамин буд, ки як адабиёти наве ки хоси мардуми тоҷик буда, ба фаҳмаш дастрас бошад ва зиндагияшро инъикосу таърихашро тасвир карда бошад, ба вуҷуд ояд. Ин корро воқеан ҳам устод Айнӣ карданд- ҳам насри воқеъгарою реалистии нав, шеъри нав, «Марши ҳуррият», ки мегўянд намунаи нави шеъри тоҷикист ва намунаҳои мақолаву публитсистика ва ғайраро ба вуҷуд оварданд. Аксари ин асарҳо- роману ҳикояву қиссаву повестҳо дар адабиёти пештараи мо вуҷуд надошт. Бар асоси ҳамаи ин масъалаҳо мо метавонем гўем, ки устод Айнӣ бунёдгузори адабиёти нави тоҷиканд.

Як хусусияти бунёдгузории дигари устод ин аст, ки осорашон  барои инкишофи минбаъдаи адабиёти мо омили асосӣ шуд. Дар пайравӣ ба устод шогирдонашон Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдусалом Деҳотӣ бар арсаи эҷод омаданд ва дар ташаккули адабиёти тоҷик саҳм гузоштанд.

Худи эҷодиёти Айнӣ тамоюлоти минбаъдаи адабиёти тоҷик ва инкишофашро муайян кард, аз ҷумла «Ёддоштҳо» аввалин жанри ёддоштӣ дар кулли Осиёи Миёна аст. Дар айни замон сабк, услуб ва омехтагие, ки дар «Ёддоштҳо» дида мешавад, гуногунии шакл, публитсистика, ҳаҷву нақлу тасвири психологиву ҳикоя андар ҳикоя омадан- инҳо минбаъд барои дар адабиёт ривоҷ ёфтани шаклҳои гуногун барои беҳтар фаро гирифтани зиндагиву воқеият дар адабиёти минбаъдаи мо  ривоҷу инкишоф ёфтанд. Дар асоси ин масъалаҳо ва ҳамаи он корномаҳое, ки устод анҷом доданд, мо устодро поягузори адабиёти нави тоҷикӣ меномем.

Дар давраи ҷадидӣ яке аз унсурҳо ва масъалаҳое, ки ба адабиёту рўзноманигорӣ иртибот мегирифт, ин сода кардани забон буд. Устод ҳамеша таъкид мекарданд, ки забони адабиёт бояд ба фаҳми мардум  мувофиқ бошад. Дар ин кор саҳми Айнӣ, Садри Зиё, Азими Сонӣ, Мирзосироҷи Ҳаким ва Фитрат зиёд буд. Ҳадафи онҳо аз сода кардани забон-ин ба мардум фаҳмонидани масъалаҳои муҳими зиндагӣ буд, ки бояд онро шиносанду донанду бедору огоҳ шаванд. Баъзе аз мардуми авоми мо ва ҳатто баъзе зиёиёни мо гумон мекунанд, ки Айнӣ дар саргаҳи табдили алифбои мо қарор дошт. Ин андешаи ғалат аст, ки аз нодонӣ ва ноогоҳии давру замон пайдо шуд. Устод Айнӣ мартабаи адибро доштанд. Табдили ҳуруф  аз зумраи корҳое буд, ки дар дараҷаи Ҳукумати Шўравӣ ва сиёсати он ҳал мешуд. Тоҷикон ба танҳоӣ ба алифбои лотинӣ нагузаштанд, балки оғози гузаштан ба алифбои лотинӣ солҳои 1924 дар Озарбойҷону кишварҳои туркӣ оғоз ёфта буд. Соли 1927 тоҷикон охирин шуда, тағйири алифборо зарур донистанд ва ба ивазаш розӣ шуданд. Муҳимтар аз ҳама, Айнӣ ва шариконашон кӯшиш намуданд, то алифбое созанд, ки ба системаи овоии забони тоҷикӣ мувофиқ бошад. Алифбои осоне бошад, ки барои зудтар ба дарку фаҳми он рафтани мардум имкон диҳад.

Имрӯз фурсати он расидааст, ки туҳмату буҳтонҳоеро, ки дар ҳаққи Айнӣ мебофанд, бояд фаромӯш кунем. Дар он давру замон низ Айнӣ ба манфиати мардуми тоҷик кор карда, кӯшиш менамуд, ки як алифбои ба мардум хос сохта шавад, то мардум зудтар савод бароварда тавонанд. Устод забони авомро дар заминаи забони адабиёти классикӣ ба ҳам омехта, як забони содаи равони тоҷикиро ба вуҷуд овард. Худи асарҳои адабӣ-бадеияшон нишонаи намунаи забони муосири тоҷикӣ буд. Хизматҳои Айнӣ дар ташаккулу таҳаввул ва инкишофи забони имрўзаи тоҷик ниҳоят бузурганд.

Дар бораи Айнӣ гапҳои ногуфта ҳанўз зиёданд. Устод як доритулмаориф ва асару эҷодиёташон донишномаест, ки дар он оид ба ҳар соҳаву ҳар масъала мавод ёфтан мумкин аст. Устод Айнӣ ба сифати классики адабиёти муосиранд, нафареанд, ки дар ҳар давру замон осорашон ба маънои дигар зоҳир мегардад. Маънии навиштаҳояшонро агар дар гузашта дигаргуна дарк карда бошем, ҳоло он ба таври нав ҷилвагар мешавад. Осори Айнӣ мисли тилло ва дуррест, ки ҳар бор ҷилои тоза медиҳад. Ҳар бор осорашон, фаъолияти корӣ ва мақолае, ки ба нависандае навиштаанд, маънои дигар медиҳад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Абдухолиқи Набавӣ: «Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад»