Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2019

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

12 апрели соли 2019 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2019 доир гашт.

Дар ҷаласа Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо ва дигар сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, бобати амалишавии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳарф зад.

Дар маҷлиси фаъолони вилоят муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2019" сухан ронда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайяншуда, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии вилоят, ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти миллӣ таъмин гардад.

- Дар семоҳаи аввали соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 104,9 фоиз таъмин ва ба буҷет 565,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 26,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад, - зикр дошт муовини Раиси вилоят.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, инчунин таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ҳаҷми воридот 372,9 млн. доллари амрикоӣ ва содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 103,7 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд  андешиданд, ки дар натиҷа ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 522,4 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 112,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи якум қисми бештари истеҳсоли маҳсулот ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра ба 520,2 млн. сомонӣ ва растанипарварӣ ба 2,2 млн сомонӣ баробар шудааст.

Соли ҷорӣ тибқи сохтори кишти тасдиқшуда дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят гузаронидани кишти баҳорӣ дар майдони беш аз 180,5 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст, ки аз он майдони кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимакка барои дон 61,1 ҳазор гектар, ҷуворимаккаи дон 5,3 ҳазор гектар пахта 60 ҳазор гектар, зироатҳои равғандеҳ 11,2 ҳазор гектар, картошка 16,1 ҳазор гектар, сабзавот 9,4 ҳазор гектар, полезиҳо 7,5 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 11,8 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Дар се моҳи соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии 1079 гектар замин бо сарфи 569,7 ҳазор сомонӣ маблағ беҳтар карда шуд.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд.

Ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, давоми се моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 2,7 млрд. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 116,4  фоиз таъмин гардид.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 9000 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2019 ба истифода додани 100 корхонаи саноатӣ бо 2730 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи гузашта дар миқёси вилоят 26 корхонаву коргоҳи нав бо 377 ҷойи нави корӣ ба кор дароварда шуд.

Дар соли 2019 корбарӣ дар самти бунёди  корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ идома ёфта, давоми 3 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 2 коргоҳи дӯзандагӣ бо 22 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади бо дастовардҳои намоёни меҳнатӣ пешвоз гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарорҳои дахлдори Раиси вилоят ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудаанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар вилоят 6508 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар соли 2019 бунёди 2018 иншоот пешбинӣ ва давоми се моҳ 848 иншоот ба фаъолият оғоз намуд, ки баробари 42,0 фоизи нақшаи солона мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода соҳаҳои хоҷагии халқи вилоятро  таҳлили амиқ намуда, таъкид дошт, ки бояд пеш аз ҳама ҳар як ваҷаб замин самараноку оқилона истифода шуда, кишти  картошка, пахта, шолӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ бояд мувофиқи нақша сурат гирад.

Раиси вилоят вобаста ба истеҳсоли ҳар чӣ бештари асал, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, азхудкунии заминҳо ва ба ин васила васеъ намудани майдони кишт, содироти маҳсулот ва пешгирии ҷинояткорӣ масъулинро  вазифадор намуд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид нишондиҳандаҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоятро дар ин давраи соли ҷорӣ хуб арзёбӣ кард. Зикр дошт, ки бо вуҷуди пешравӣ камбудиҳое ҳастанд, ки ислоҳи онҳо метавонад ба манфиати ҷомеа бошад.

Дар фарҷоми ҷаласаи фаъолон фестивал - озмуни таомҳои миллии наврӯзӣ, ороиши дастурхони наврӯзии беҳтарин, намоиши фолклории беҳтарин ва хаймаи беҳтарин ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2019