Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Баргузории иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

12 апрели соли 2019 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти Раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи ҳаждаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, вакилон, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини соҳаи маорифи вилоят ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Иҷлосия бо сухани ифтитоҳии Раиси вилоят ифтитоҳ ёфта, дар кори  он аз 70 нафар вакилон 64 нафар иштирок намуданд. Вакилони  иҷлосияи ҳаҷдаҳумиМаҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум 8 масъалаи муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз ҳавзаи интихоботии «Зафаробод», № 49 Тошов Абӯбакр Исломович тасдиқ гардид.

Аз рӯи масъалаи дуюм дар маҷлиси вакилони халқи вилоят муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544  «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» маърӯза намуда, қайд кард, ки баҳри дар амал татбиқ намудани қарори мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайян ба иҷро расонида шудаанд.

Ҳамзамон, барои пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва   татбиқи босифати ин Барнома қарори Раиси вилоят аз 29 декабри соли 2017 ба тасвиб расидааст.

Ҳадафи асосии қабули Барномаи мазкур аз таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ, беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои тахсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд  иборат мебошад.

Муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои таълимӣ бояд ҷавобгӯи талаботи эстетики биноҳои таълимӣ бошад ва онҳо тибқи тартиби муқарраршуда таҷҳизонида шаванд. Бинобар ин, дар марҳалаи дуюми Барнома ба ороиш ва ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Мутобиқи нақшаи Барномаи мазкур муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар давоми солҳои 2018 – 2020 бояд бо 571 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, аз ҷумла, дар соли 2018 бо 96, дар соли 2019 бо 228 ва дар соли 2020 бо 247 кабинети таълимӣ ва озмоишгоҳҳо таъмин карда шаванд.

Шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бӯстон, Истаравшан, Гулистон, Хуҷанд ва Панҷакент нақшаи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020-ро иҷро намуданд.

Бо вуҷуди ин, дар иҷлосия таъкид гардид, ки иҷрои нақшаи соли 2019 дар се моҳ мувофиқи вилоят ҳамагӣ 10,5 фоиз таъмин гардида, танҳо нақшаро шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд - 100 фоиз, Конибодом - 44 фоиз, Айнӣ - 30 фоиз, Ашт - 28 фоиз, Ҷаббор Расулов - 5,2 фоиз иҷро намуданд. Шаҳру ноҳияҳои боқимонда барои харидани таҷҳизоти кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳо чораҷӯӣ накардаанд ва ин ҳолат боиси нигаронӣ мебошад.

Вобаста ба ин масъала вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Чилгазӣ, 14 Анвар Мақсудӣ ба музокира баромада, фикру андешаҳои судманд иброз дошт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бобати таъмини босифати Барнома ҳарф зада, Раёсати маорифи вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда дар ин самт корбариро ҷоннок намоянд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят дастур дод, ки масъулин маблағгузории Барномаро аз ҳамаи сарчашмаҳои имконпазир таъмин намуда, минбаъд ҳангоми сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ҳатман ташкили кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳоро ба нақша гиранд.

Дар иҷлосия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои  ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет пешниҳод гардида, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Ҷавонон», № 17 Заррина Fафурова оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ ҳисобот дод.

Роҷеъ ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ суханронӣ намуда, дархости Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров  ва Истаравшанро оиди иваз намудани номи деҳаҳо пешниҳод кард. Вакилон нисбати ин масъала қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016 – 2020», дар бораи тасдиқ намудани қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз 16 апрели соли 2018, №193 «Оид ба тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр аз 10 апрели соли 2018, №119 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 30 марти соли 2011, №192» ва қарори Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Шаҳристон аз 16 апрели соли 2018, №298  «Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси ноҳия аз 4 апрели соли 2018, №188 «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба қарори раиси ноҳияи Шаҳристон аз 28 апрели соли  2011, №113» оид ба гузариши хатти сарҳади байни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристонро мавриди баррасӣ қарор гирифта, як қатор қарорҳои Раиси вилоят тасдиқ гардиданд.

Иҷлосияро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъбаст намуда, вакилон ва масъулини соҳаҳоро бобати бо масъулияти баланд саҳм гузоштан дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуд.

Раиси вилоят, аз ҷумла таъкид дошт, рисолати ҳар як хизматчии давлатӣ, бахусус вакилони халқ дар хидмати шоиста кардан дар рушду ободии диёр ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум зоҳир мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум