Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум - 14.06.2019 15:31
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 гектар помидор кишт карда шудааст - 14.06.2019 15:34
Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 14.06.2019 16:47
Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар шаҳри Бӯстон - 14.06.2019 17:32
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои МҲТБО - 15.06.2019 17:37
Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид - 15.06.2019 17:35
Шоми дӯстӣ ба ифтихори иштирокчиёни Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё - 15.06.2019 17:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд - 15.06.2019 17:27
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро истиқбол гирифтанд - 15.06.2019 17:24
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд - 15.06.2019 17:18

ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

( 0 Овоз )

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ЧТ хабар медиҳад, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда вазъият дар марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад.

14 марти соли 2019 шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд, ки дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара қарор доштанд, монеи гуфтушуниди ҳайатҳо гардиданд.

Тахминан соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсойи ҶҚ, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омада, роҳҳоро баста буданд, бе асос ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуданд. Шаҳрвандони ҶТ маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ карда, ба сокинони вилояти Ботканд ҷавоб гардонанд. Сипас, сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ шаҳрванди ҶТ Тешаев Расулиддин Имомбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух, бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин, ҳалок гардид.

Шаҳрванди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Ансориддин, соли таваллудаш 2003, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш ярадор шуда, дар беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бистарӣ мебошад. Ҳамзамон, қирғизҳо ба манзили истиқоматии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниева Мавлуда, соли таваллудаш 1970 ва Воҳидов Абдуманон, соли таваллудаш 1955, сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҳамла намуда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расониданд.

Аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишвар ҳолатҳои дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ, итоат накардан ба сохторҳои марбути он давлат, ки боиси тавлиди ташаннуҷ, беназмӣ ва оқибатҳои хавфнок дар сарҳади давлатӣ мегардад, бараъло ба назар мерасад.

https://khovar.tj/2019/03/iz-oroti-markazi-matbuoti-sarrayosati-shun-oi-sar-adii-kdam-tayfayfa/

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ