Хабарҳо
Баргузории чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати аввали НБО "Роғун" /АКСҲО/ - 17.11.2018 15:53
Раҳпаймоии идона ба муносибати ифтитоҳи чархаи аввалини НБО "Роғун" /АКСҲО/ - 17.11.2018 15:38
Ба муносибати Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор гардид - 17.11.2018 14:18
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» - 17.11.2018 13:38
ИТП ТЭТ аъзолари ќамоќхонадаги исён сабабчиларидир - 17.11.2018 11:19
Tajikistan. The instigators of the prison riot members are terrorist-extremist organization, the Islamic Revival Party - 17.11.2018 11:14
Тоҷикистон. Ташаббускорони ошӯби зиндон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд (Бознашр аз сомонаи «Центразия.ру» аз 16.11.2018с.) - 16.11.2018 22:09
МАШЪАЛАФРЎЗИ МИНТАҚА ЧАШМИ ҲАСУДОНРО КЎР МЕКУНАД - 16.11.2018 22:08
ОЛУС ҲАМАРО КАҶМАКАҶАК МЕБИНАД - 16.11.2018 21:38
Табрикот ба мардуми кишвар ва таъзия ба ТТЭ ҲНИ - 16.11.2018 21:20

Муаррифии лоиҳаҳои иншооти нав дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе

( 0 Овоз )

9 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури  пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёд мешаванд, шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани он ба масъулони сохторҳои дахлдори шаҳр ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин нишондод 19 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешавад.

Биноҳои истиқоматии сохташаванда накамтар аз 12 ошёна буда, дар идомаи ташаббусу иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ, ки тайи ду соли охир боиси ба куллӣ дигаргун шудани симои пойтахт гардидааст, бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохта мешавад. Тибқи дурнамо ҳамчунин сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки сохтмони тамоми иншоот дар муҳлати муайяншуда бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шавад.

Ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф низ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16 ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназир аст, дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда моҳи августи соли 2017 оғоз гардида буд ва тибқи маълумоти кормандони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хонаҳои истиқоматии ин чор бино дар маҷмуъ беш аз 60 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан садҳо нафар сокинони пойтахт соҳиби манзили зист хоҳанд шуд.

Сокинони пойтахт мегӯянд, бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду навсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Душанбе воқеан ҳусни тоза бахшидааст.

Боиси хушҳолист, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тайи солҳои охир симои пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, ҳамчунин дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Муаррифии лоиҳаҳои иншооти нав дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе