Хабарҳо
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов - 19.03.2019 17:01
Наврўзи бостонӣ ва марҳилабандии худшиносии миллӣ (ба ифтихори ҷашни Наврўз) - 19.03.2019 14:50
Пирӯзии хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявии «Техникони наврас» - 19.03.2019 14:13
Дар маҳфили «Ганҷи сухан» вижагиҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар водии Зарафшон баррасӣ гардиданд - 19.03.2019 14:09
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе - 19.03.2019 13:59
“Замину осмон Наврӯзгоҳ аст”. Суҳбати идона бо Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона - 19.03.2019 12:57
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 19.03.2019 09:59
22 март сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят Иди байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд - 19.03.2019 09:56
Бахшида ба Иди Наврӯз дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор мешавад - 19.03.2019 09:44
Гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расид - 18.03.2019 19:15

Ин мулк бедарвоза нест, ки ҳар хармуроду гулмурод ба Тоҷикистон ҳамла кунанд (Ҷавоб ба «рисолат.ком»-и иртиҷоӣ)

( 0 Овоз )

Сомонаи зертобеи «risolattj.com», ки пойгоҳи иттилоотии оппозитсияи хоин дар хориҷ мебошад ва бо иғвоангезиву ифротгароияш машҳур аст, хабараке пахш кардааст, ки гӯё «Гулмурод Ҳалимов омодаи ҳамла ба Бадахшони Тоҷикистон» аст». Боз аз як Бунёди «фарҳангҳои бефарҳанги стратегӣ» низ иқтибос кардааст. Даъвоҳои ин сомонаи дурӯғгӯ ба куллӣ ба воқеият рост намеояд. Даъвоҳои куҳнаву нави ин сомона бо чанд далел рад мешавад:



 

  1. Тоҷикистон аъзои созмонҳои муътабари СААД (ОДКБ), СҲШ (ШОС), ИДМ буда, уҳдадориҳо ва интизориҳои муносиб дар сурати ҳамла ба сарҳади давлатӣ дорад.
  2. Хушбахтона, майдони ифротият дар ҶТ пок гардида, қувваи оппозитсионӣ ҳама ба мисли масъулони ҳамин сомона, фирор кардаанд ва дар хизмати хоҷагони хориҷӣ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, ҳама шароит барои мубориза муҳайёст.
  3. Бесаводони risolattj.com-и берисолат ва ақлу фаросат аз ҷуғрофии минтақа ва фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ хабаре надоранд. Вазъи Бадахшони Афғонистон таҳти назари ҷавонмардони сарсупурда аст ва пашша пар нахоҳад зад. Бар илова дар Бадахшони ҶИА (ба таваччуҳи бесаводи «рисолат»), ДИИШ нест, он ҷо 2-3 гурӯҳи толиб аст, ки онҳо ҳам нишони ҳамкорӣ бо кишварҳои марбута доранд. Як бор бихон. Субҳ роҳбарияти толиб ба Маскав барои гуфтугӯ меояд ва маълумоти аст, ки онҳо душмани идеологии ДИИШ ҳастанд.
  4. Оппозитсияи бериё гумон мекунад, ки бо нашри ин гуна овозаҳо пояҳои иттилоотии ҳукуматро меларзонад, халқро метарсонад. Хатову сад бор хато мекунад. Ин каҷрафторон рафта-рафта ба абзори таблиғоти душман табдил ёфтаанд. Зеро «Ихвон-ул-муслимин»-ҲНИ-Ансорулло-ДИИШ ҳама занҷири як ҳалқа ва пайрави як мактабанд.
  5. Аз ин рӯ, таблиғи Гулмурод Ҳалимови хиёнатпеша,  хуморшикании раҳбарони ТТЭ ҲНИ дар хориҷа мебошад.

 

Сарбадори Меҳандӯст, таҳлилгар, дорои рисолати асили ҳифзи Ватан.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ин мулк бедарвоза нест, ки ҳар хармуроду гулмурод ба Тоҷикистон ҳамла кунанд (Ҷавоб ба «рисолат.ком»-и иртиҷоӣ)