Хабарҳо
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34
Дар Панҷакент таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронс доир хоҳад шуд - 18.10.2018 13:27
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад - 18.10.2018 09:54
СУҒД: 736 гектар боғ ва 58 гектар токзори нав бунёд карда шуд - 18.10.2018 09:52
Дар нуҳ моҳи соли равон барои таъмири роҳҳо аз буҷети вилоятӣ беш аз 40 миллион сомонӣ ҷудо шудааст - 18.10.2018 09:51
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 - 17.10.2018 16:27
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

( 0 Овоз )

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз имкони ин дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карданд.

Таъкид гардид, ки кишвари мо ба рушди минбаъдаи ҳамгироии Тоҷикистону Россия дар шакли шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Аз сатҳи баланди муносибатҳо, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, муколамаи доимии сатҳи олӣ ҳамчун омилҳои таҳкимбахш ва таъмиқи ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, соҳибкорӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои Россия дар самти энергетикаро баррасӣ карданд.

Дар суҳбат ба масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ таваҷҷуҳ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро муҳокима карданд.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев