Хабарҳо
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34
Дар Панҷакент таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронс доир хоҳад шуд - 18.10.2018 13:27
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад - 18.10.2018 09:54
СУҒД: 736 гектар боғ ва 58 гектар токзори нав бунёд карда шуд - 18.10.2018 09:52
Дар нуҳ моҳи соли равон барои таъмири роҳҳо аз буҷети вилоятӣ беш аз 40 миллион сомонӣ ҷудо шудааст - 18.10.2018 09:51
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 - 17.10.2018 16:27
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51

Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ирами пойтахт ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян меҳмондории ғайрирасмӣ барпо карданд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ҳукумати кишварашро дар Ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намояндагӣ мекунад.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ дар мавзеъи хушбоду ҳавои Боғи Ирам муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, таъомҳои миллӣ, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, анвои гуногуни хурока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ли Кетсян ва ҳамсарашро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, намоиши сару либоси мардонаю занонаи миллӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ, меваву хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос намуданд.

Дар як гӯшаи махсус инчунин имкониятҳои сайёҳии кишвар дар соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд. Имрӯзҳо бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвари зебову ҳамешабаҳор аз минбарҳои олии ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ва табиати зебо, меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона, неъматҳои моддии сарзамини аҷдодии мо аз наздик шинос ҳастанд.

Мавриди зикр аст, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, куҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрораш диққати сайёҳони хориҷро ба худ ҷалб менамояд.

Имрӯз низ дар намоишгоҳи Боғи Ирам ба меҳмонон тамоми расму оини тоҷикона ва намунаи беҳтарини ҳунарҳову анъанаҳои хоси миллати тоҷик ба маъраз гузошта шуд, ки ба меҳмонон хеле мақбул афтод.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам