Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Шарифӣ Зайнура Шарофзода

( 13 Овоз )

Шарифова Зайнура Шарофовна

сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

12 апрели соли 1965 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст.Тоҷик.

Маълумот- олӣ. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи С.М.Киров ва соли 2007 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро  бо ихтисоси «иқтисодчӣ» хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро солҳои 1985 ҳамчун мудири шӯъбаи баҳисобгирии кумитаи шаҳрии Ӯротеппагии ЛКСМ-и Тоҷикистон оғоз карда, минбаъд корманди масъули макомоти комсомолӣ ва созмони ҷавонони вилоят буд. Соли 1996 ба вазифаи мудири шӯъбаи протоколии Ҳукумати вилояти Суғд таъин шуда,  хамчунин дар вазифаҳои сардори бахши коргузории корхонаи муштараки «Зафаробод»,  мутахассиси шӯъбаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд фаъолият доштааст.

Солҳои 2003-2008 сармутахассиси шӯъбаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати дастгоҳи Раиси вилояти Суғд буд.

Оиладор, соҳиби як нафар фарзанд аст.

Бо қарори Раиси вилоят аз моҳи майи соли 2008 дар вазифаи мудири шӯъбаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати дастгоҳи Раиси вилояти Суғд фаъолият намуд.

Аз 22 июли соли 2011 вазифаи Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекунад.

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Кисту чист! Шарифӣ Зайнура Шарофзода