Хабарҳо
Ғолибони 20 - рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд - 23.10.2019 15:51
Баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум - 23.10.2019 15:57
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд - 22.10.2019 16:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд - 22.10.2019 16:37
Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд! - 22.10.2019 13:21
Дар Исфара оид ба «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» машварати омӯзишӣ сурат мегирад - 22.10.2019 10:10
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59

Дадобойзода Мавлон Пӯлодӣ

( 8 Овоз )
Дадобоев Мавлонҷон Пӯлотович

мудири бахши бойгонии дастгоҳи Раиси вилоят

Дадобойзода Мавлон аз 10 августи соли 2015 иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъин гардид.

Дадобойзода Мавлон 6 январи соли 1959 дар ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ (Колхозобод) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоти олӣ дорад.

Соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳосиби ҳисобӣ дар саноат хатм кардааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 ба сифати иқтисоддони шӯъбаи моддии иттиҳодияи «Селхозтехника»-и ноҳияи Колхозобод оғоз намудааст.

Дадобойзода Мавлон сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои котиби кумитаи комсомолии муассисаи байнихоҷагӣ оид ба механизатсия ва электрофикатсияи истеҳсолоти кишоварзии ноҳияи Колхозобод, мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи комсомолии ноҳияи Колхозобод,  референти калони Бюрои байналмилалии сайёҳии ҷавонони «Спутник»-и кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мутахассиси дараҷаи якуми кумитаи иҷроияи ноҳияи Қумсангир, мутахассиси пешбари шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Ҳукумати вилояти Суғд, мудири бахши бойгонии дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст.

Аз соли 2014 то августи соли 2015 дар вазифаи мудири Шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Кисту чист! Дадобойзода Мавлон Пӯлодӣ