Хабарҳо
Ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид - 27.03.2020 20:17
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар Қасри Арбоб - 26.03.2020 12:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд - 26.03.2020 10:33
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшиданд - 26.03.2020 10:32
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд - 26.03.2020 10:30
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 26.03.2020 10:24
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд - 25.03.2020 20:19
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир-Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2020 12:47
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳияи Спитамен боздид ба амал оварданд - 25.03.2020 12:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и ноҳияи Спитамен иштирок намуданд - 25.03.2020 12:41

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) Шовализода Ҳизбулло Абдулло, соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 307(3) қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) ва 305 қисми 1 (хиёнат ба давлат) КҶ ҶТ пешбинишуда дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар ҳудуди ин кишвар дастгир гардида, 05-уми марти соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шуд.

 

Тибқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, номбурда соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш ба ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ҷалб шуда, бо мақсади минбаъд содир намудани актҳои террористӣ, ноором гардонидани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2019 дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ-тахрибӣ гирифтааст.

Зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати аъзои дар давоми солҳои 2016-2019 дастгиршудаи ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ Кузов А.К., Забичоев Н.М., Ризвонов А.Р., Исмоилов Д.Д., Наврӯзов М.С. ва дигарон далелҳои муътамади даст доштани Шовализода Ҳ.А. ба ҷиноятҳои болозикр дастрас гардидаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи номбаршудагон дар пойгоҳҳои махсуси хориҷи кишвар омодагии ҷангиву диверсионӣ гирифта, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, қасди анҷом додани амалҳои террористӣ доштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мусоидати мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Шовализода Ҳ.А. чорумин аъзои гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид. Қаблан шаҳрвандони ҶТ Шералӣ Лоиқӣ, Ҳаётов Мустафо Раҳматшоевич ва Зуҳуров Комрон Хайрович, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта аз таъқиби ҷиноятӣ дар Аврупо паноҳ мебурданд, дастгир ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супорида шудаанд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз густариши равобити мутақобилан судманди мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории хешро ба онҳо барои ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ баён менамояд.

Тафтиши пешакӣ нисбати Шовализода Ҳ.А. идома дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ

http://www.prokuratura.tj/news-tj/1091-alasai-ayati-mushovara-dar-prokuraturai-general-357.html

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Кисту чист! Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон