Рӯзи шанбеи 8 август Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 39 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба ҳузур пазируфт.
Дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ -11 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 8 нафар, Зафаробод – 4 нафар, Ғончӣ - 4 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ – 2 нафар, Айнӣ - 2 нафар, Конибодом – 2 нафар, Истаравшан 2 нафар, инчунин якнафарӣ аз Исфара, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Хуҷанд барои ироаи дархосту пешниҳодҳояшон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омаданд.
Сокинон асосан бо масоили замин ва баҳси он, манзил ва баҳси он, саҳми замин, кофтани чоҳи амудӣ, сохтмону маориф ва ғайраҳо муроҷиат намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд











