А. Мӯъминов: Завқ, мақсад ва талош инсонро муваффақ мегардонанд

( 0 Овоз )

ҶДММ «Элегант» соли 2000 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулаҳад Мӯъминов таъсис дода шуда, аз соли 2009 ба ин сӯй бо коркарди сангҳои зебои вулканӣ ва истеҳсоли масолеҳи ороишии сохтмон аз онҳо машғул аст. Иқтидори коргоҳ ба истеҳсоли зиёда аз 60000 м2 маҳсулот аз сангҳои ороишӣ дар як сол баробар аст. Дар коргоҳ ҳоло 150 нафар, ки қисми зиёдашон занону духтарони маҳаллӣ мебошанд, бо кор таъминанд. Бо фаъол гардидани коргоҳи истеҳсоли нах ва ришта аз санг боз 50 каси дигар ба кор ҷалб шуда, шумораи коргарон ба 200 нафар расид. Зимни як сӯҳбати ихтисосӣ бо Абдулаҳад Мӯъминов маълум шуд, ки ин нафар як марди воқеан ватандӯсту содиқ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ӯ гоҳ аз давлатдории имрӯзи тоҷикон меболиду гоҳ талош мекард бифаҳмонад, ки тоҷикон мардумони қадимии Осиёи Миёна буда, дорои таъриху фарҳанги қадимаанд. Ҳарчанд ин як чизи воқеист, вале ҳисии ватандӯстдории як соҳибкор боиси қадршиносист. Ӯ замони сӯҳбат на танҳо собит намуд, ки як соҳибкори муввафақ аст, балки бо андешаҳои устувори худ як марди донишмандро мемонд. Зеро гоҳ аз Мавлоно Балхӣ мегуфту гоҳ Мавлоно Ҷомиро месутуд. Гоҳ ёде аз Садриддин Айнӣ мекарду гоҳе аз Сотим Улуғзода. Ва нақши ин бузургонро дар таърихи фарҳангии мардуми тоҷик ёдовар мешуд. Ӯ ҳамзамон бо адабиёти ҷаҳон низ ошноӣ дошта, ҳатто оромгоҳи Вашингтон, Хемингуей, Марк Твен, Чехов ва дигаронро зиёрат намудуааст.

- Аз таърихи таъсиси корхонаи «Элегант» чанд сухан мегуфтед?

- Напалеон Бонопарт як сухани бисёр хуб дорад, мегӯяд, пеш аз оне ки аз давлат мепурсӣ, ки ба ман ину он бикун, аз худат бипурс, ки ба давлатат чӣ кардӣ. Ин давлат аз они ину он нест. Давлати ҳамаи мо – тоҷикистониён ҳаст ва бояд дар пешрафту шукуфоии ин сарзамин ҳамаи мо нақши муассири худро гузорем. Вазифаи таърихие, ки дар гардани мо имрӯз ҳаст, дар ягон давраи дигар набуд, чун имрӯз бояд манофеи худро бояд ҳифз намоем. Як хушбахтии мо ин аст, ки мо дар канори давлатмардон истода давлат сохтем. Имрӯз давлати Тоҷикистонро дар сарори дунё мешиносанд. Ин пеш аз ҳама хизмати Сарвари давлати тоҷикон ҳаст. Ман ҳамин тавр баҳо медиҳам: чи хеле ки ман корхонаи худро дар ҷои холӣ бунёд намудам, давлатмардони мо дар чунин шароит давлат сохтанд. Бубинед, Душанбе ки як деҳа буд, чӣ гуна рушд ёфт. Имрӯз фахри ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҳаст.

- Оё худро сарватманд меҳисобед?

- Ман аз соли 1990 соҳибкор ҳастам. Дар ин давра миллионер нашудам, аммо корхонаи ман миллионер шуд. Миллиони ман сарзамини ман аст, фарзандони ман аст. Боз як боигарии инсон илми ӯ аст. Илм боиси ҳамаи пешрафтҳост. Ақл беҳтарин неъмати худовандист, ки бояд хуб истифода шавад. Илм бояд ақлро инкишоф бидиҳад. Малахов як сухани олиҷаноб дорад ба ин мазмун, ки баданро бо об тоза мекунанд ва дилро бо оби чашм. Ман мегӯям, ки ақлро илм тоза мекунад. Баъзе нафарон мегӯянд, ки масалан фалонӣ аз хондани зиёд девона шудааст. Ин гап тамоман дурӯғ аст. Ҳар рӯзе, ки инсон як чизи нав мехонад, ақли ӯ инкишоф меёбад. Ҳамон Сарвари давлат як гапи хуб дорад, мегӯяд, завқ доштан даркор. Ҳамин калима яке аз калимаҳои беҳтарин барои ман аст. Барои ба анҷом расонидани ҳама корҳо завқ доштан даркор аст. Агар завқ бошад, инсон дар як ҷой қарор намегирад, меравад ба Берлин, Вашингтон, Нию – Йорк ва мебинад, ки дунё дар кадом ҳол аст. Шахсан ман бисёр вақт дар сафар будам. Хоҷа Баҳоуддин, Вашингтон, Хемингуей, Марк Твен, Чехов ва сулолаи шоҳони русро зиёрат кардаам. Ман ба чашмони сарам дидам, ки аксари бузургони ҷаҳон чи қадар ҷойҳоро обод кардаанд. Чӣ тавр бояд сохт? Бояд хонду омӯхт ва диду баҳо дод. Вақте инсон дунёро мебинад, дарк мекунад, ки вай воқеан як мавҷуди даркорист. Хурданро ҳама метавонад, зиндагӣ барои он нест, балки бояд барои зиндагӣ кардан бихурем. Вақте инсон як корро оғоз мекунад, бояд тарафи зарари онро фикр кунад. Ин фикри хом аст, ки мо ба зудӣ маҳсули корамон бирасем. Дарахтро низ биншонед, пас аз панҷ сол ба бор меояд. Зиндагӣ афсона нест, ки мисли афсона бо он муносибат намоем. Барои он ки фоида бигирӣ ва ба касе лозим бошӣ вақт даркор асту завқ.

- Корхонаро чаро маҳз  «Элегант» ном гузоштаед?

Боз ба илм бармегардем. Элегант аз назари як юнонӣ шояд калимаи юнонист. Вале чаро ин калима тоҷикӣ набошад? Элегант калимаи форсист ва маънояш ороиш аст. Чунин калимаҳоро набояд аз истифодаи мардум дур сохт. Аллома Иқбол мегӯяд, ки

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Элегант, яъне ороста кардан, зебо намудан. Вақте мо Кохи Наврӯзро ороиш додем, дунёро дар ҳайрат гузоштем. Чун мо хостем кор бикунем, хостем ҳама чиз ороишдода бошад. Ба коргарони Элегант як чиз маъмул шудааст ва онҳо ҳамеша онро дар хотир доранд, ки фардо ид аст. Аз ин рӯ ҳамеша омода ҳастанд, зеро фардо меҳмон меояд. Корхона бояд ҳар рӯз ороста бошад. Барои ин аз рӯзи аввал ба корхона эътибори ҷиддӣ медиҳем, то ороста бошад. Вақте роҳбари вилоят ё давлат ба корхонаи ту меояд, ту аз ин нерӯ мегирӣ ва дучанду даҳчанд фаъолият менамоӣ. Кор бо муҳҳабат пеш меравад. Дар Элегант калимаи раис умуман вуҷуд надорад. Мо коргарем. Вақте коргар раис гуфта пеши ту меояд, ин аллакай ҷудоӣ аст. Пеш аз ҳама инсон будан лозим аст, ҳазрати Мавлоно низ мегӯяд, ки инсонам орзуст. Мавлоно боз мегӯяд:

Онҳо ки талабгори Худоед, худоед,

Берун зи Шумо нест, шумоед, шумоед.

Мо ҳама, якҷо бо роҳбарон якем. Дуӣ набояд бошад. Ана ҳамин як будан сабаби пешравиҳои корхонаи мо аст. Касе илмро бештар истифода мебарад, муваффақтар мешавад.

- Ба назар мерасад, ки бисёр китоб мехонед?

Хушбахтона, дар утоқи кориам теъдоди зиёди китобҳоро дорам ва аз онҳо истифода мебарам. Аз «Маснавии маънавӣ» то китобҳои Конфутсию Марк Твену Ошову дигаронро дорем. Илова бар ин рӯзҳои наздик мо 600 – солагии Мавлоно Ҷомиро дар корхона ҷашн мегирем. Мавлоно Ҷомӣ яке аз шахсиятҳои беназири адабиёти тоҷик аст. Ин абармард дар тарбияи насли имрӯз бо осори гаронбаҳояш нақши назаррас дорад. Ман танҳо як чизро нақл кардан мехоҳам. Вақте аз ӯ мепурсанд, ки суннӣ аст ё шиа, чунин ҷавоб мегӯяд:

Гуянд, ки Ҷомиё чӣ мазҳаб дорӣ

Сад шукр, ки харсунниву сагшиа наям.

Ин аст бузургии Ҷомӣ. Дигар чизе бештар аз ин наметавон гуфт.

- Эҳсос мешавад, ки шумо нақши илмро дар пешрафти ҳар соҳа муҳим медонед. Ҳамин тавр нест?

Мақсади кушодани ҳар корхона гирифтани фоида аст. Ин як қонуни диелактикӣ аст. Барои фаҳмидани ин қонунҳо боз ҳам дониш даркор аст. Ман ба насли ҷавони кишвар насиҳат карданӣ нестам, аммо бояд донист, ки бидину илм мо ба ҷое намерасем. Вақте инсон «Ривояти суғдӣ», «Восеъ» - и С. Улуғзода ё китобҳои Садриддин Айнӣ ё Чингиз Айтматовро мехонад, ақли худро инкишоф медиҳад. Вақте инсон асари Ч. Айтматовро мехонад ин дунёи дигар аст. Бубинед, Виктор Гюгоро, Балзакро, Марк Твенро, Ошоро вақте инҳоро мехонӣ дунёи дигар аст. Ман, ки оромгоҳи ин бузургонро зиёрат намудаам, дигар дунёи маънавии худро бе осори онҳо тасаввур карда наметавонам.  Беҳтарин осор аз они С. Айнӣ ҳаст, бояд онҳоро хонд. На як бору ду бор, балки борҳо, мукарраран бояд хонд. Айние, ки барои мардуми тоҷик борҳо ҷонашро дар хатар гузошт(каме фикр кард ва беихтиёр байти зерро хонд)

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

- Чаро маҳз коркарди сангҳои ороиширо интихоб намудед, чун медонед ин кори душворест?

- Ман мехоҳам ин нуктаро зикр кунам, ки қонунҳое ки давлати мо қабул кардааст, аз ҷумлаи беҳтаринҳост. Мисол қонуни шарикии давлат бо бахши хусусӣ ё фонди дастгирии соҳибкорро бигирем. Рӯзе бирасад, ки ҳамин фонд барои ҳар як нафар кӯмак намояд ва соҳибкорӣ рушд кунад. Танқидро ҳама метавонад, зеро ҳама ба дараҷаи худаш мунтақид дорад. Аслан, бе муборизаи зиддиятҳо ҷомеа пеш намеравад. Дар соҳибкорӣ бояд ҳар як нафар роҳи худро интихоб кунад. Шахсан ман бар ин назарам, ки бояд инсон аз ҳама самти душворро интихоб намуда, дар ҳамон самт кор кунад. Зеро дар ин ҳолат рақобат нест. Дар кори мо, коркарди санг ҳоло рақобат тамоман вуҷуд надорад. Аммо мо ҷонибдори онем, ки ҳамаи соҳибкорон дар ин самт кор кунанду пешрафт дошта бошанд. Аслан коркарди санг аз давраҳои қадим вуҷуд дошт. Ҳазрати Сулаймон масҷиди Ал-Ақсоро аз санг сохт. Ё Иброҳими Озар рафт ба Миср ва онҷо бо санг сохтмонҳо кард. Тахти Ҷамшедро бигирем, ки аз санг сохта шудааст. Ва мерасем ба замони муосир, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз сангҳои ороишӣ Кохи Наврӯзро бунёд кард, ки ҷаҳониён дар ҳайрат афтоданд. Ин кох як мӯъҷизаи дасти тоҷик аст. Гузаштагони мо бунёд карда буданд, мо идома додем. Ҷаҳониён диданд, ки мо метавонем. Муҳимаш инсон бояд барои ҳар кор завқ дошта бошад ва дар назди худ мақсад бигузорад. Агар мақсад гузошта барои анҷоми ҳар кор талош намоем, ҳатман он корро ба сомон мерасонем.

Мусоҳиб,
А. Раҳмонӣ

ШУМО ДАР: АСОСӢ