Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон

( 1 Овоз )

Соли 2016 дар кишвари мо барои пазируфта шудани ду санади муҳим ҷиддан тасмим гирифта шуд: аввалан, оид ба таҷлили Рўзи Президент ҳамасола 16 ноябр, дигар ба тасвиб расидани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» буд, ки бешак, рўйдоди таърихӣ ба шумор мераванд, ки бо назардошти саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории нави кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон таҳия гардиданд.

Дар мавриди зуҳуроти рўйдоди аввал ин нуктаро бояд таъкид кард, ки решаи он ба таърихи Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки маҳз дар ин Иҷлосияи сарнавиштсози миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд. Замоне, ки дар кишвар даргирии ҷонибҳо дар авҷ буду аксарияти коршиносони байналмилалӣ фарзия доштанд, ки аз харитаи олам кишвари Тоҷикистон ба қарибӣ аз байн меравад, маҳз ба туфайли кордониву неруи амиқи сиёсии ин фарди комили таърихӣ ба тамоми бесарусомониҳо нуқтаи таммат гузошта шуд. Дар асл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлати навини тоҷиконанд.

Тасмими нав дар мавриди таҷлили Рўзи Президент навъе гиромидошти хизмати фарзанди номовар ва ҷонпайванди миллат дар таърихи муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чеҳраи аслӣ ва воқеии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти барҷастаи меҳварии миллати тоҷик дар бунёди низоми нав ва устувори давлатдории тоҷикон намоён мекунад. Бо заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат кишвари тоҷикон аз парокандагиву нестшавӣ ва халқ аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардид. Ба хизматҳои тақдирсоз ва бузурги ин чеҳраи барозандаи таърих арҷ бояд гузошт ва инро барои насли баъдии миллат талқин бояд кард.

Таҷлили ин Рўз насли имрўз ва ояндаи ҷомеаро ба қадрдонӣ ва қадршиносии фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат водор месозад, ки маҳз ба шарофати сиёсати усулӣ ва мондагор, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва созандагиву некбиниашон эътибори хоса доранд.


Субҳони Аъзамзод,
мудири кафедраи адабиёти муосири
тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров,
номзади илмҳои филологӣ

ШУМО ДАР: АСОСӢ