Хабарҳо
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» - 14.11.2018 15:40
Ноҳияи Зафаробод ғолиби даври сеюми мусобиқаи меҳнатӣ дониста шуд - 14.11.2018 14:37
НОБ-и Роғун- фоҷиаи наҳзат - 14.11.2018 14:02
НОМАИ СУГВОРӢ БАРОИ ҲНИ -КУШОДАШАВИИ РОҒУН - 14.11.2018 14:00
НОБ-И Роғун-Пайки Шодӣ - 14.11.2018 12:36
Рогунская ГЭС – трагедия для ТЭО ПИВ - 14.11.2018 11:29
Дар Хуҷанд байни дастпарварони мактабҳои варзишӣ мусобиқа оид ба футбол доир шуд - 14.11.2018 08:34
Дар ДДҲБСТ дар мавзӯи "Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан" конференсияи илмӣ баргузор гардид - 14.11.2018 08:25
ЭЪЛОН: МОТАМ ДАР ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ - 14.11.2018 00:26
Дар Теҳрон кӯча ба номи террорист Холид ал-Исламбулӣ ҳаст…, кӯчаи Фирдавсӣ нест! - 14.11.2018 00:16

6 ва 7 июл дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Рӯзҳои 6 ва 7 июли соли 2018 дар иншоотҳои Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” гузаронида мешавад.

Ярмаркаи мазкур бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир доир хоҳад шуд ва дар он иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Россия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Олмон Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Кореяи ҷанубӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳамзамон соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ дар назар аст.

Инчунин дар рӯзҳои баргузории Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд — 2018» ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», «Иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона V», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо 6 ва 7 июл дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” гузаронида мешавад