Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин - 26.04.2018 11:02
Ёдгории таърихию фарҳангии «Мадрасаи Оим» аз таъмир бароварда мешавад - 26.04.2018 09:18
Абдумаҷид Раҳимов мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ таъин шуд - 26.04.2018 09:07
Рўзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқӣ - атомии Чернобил дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 26.04.2018 09:02
Мирзоқосим Каримзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таъин гардид - 26.04.2018 09:01
Дар пойгоҳи обкашии “Сайҳун -2” агрегати наву замонавӣ насб гардид - 25.04.2018 19:13
Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиён мулоқот намуд - 25.04.2018 19:04
Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” ба 140 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд - 25.04.2018 13:19
Хуҷанд. Нахустин маҳфили "Дунёи маърифат" ба фаъолияти Наимахон Мӯъминова бахшида шуд - 25.04.2018 09:11
Мадина Бобоиён муовини раиси шаҳри Исфара таъин шуд - 25.04.2018 09:09

13 ва 14 апрели соли 2018 Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад

( 1 Овоз )

Рӯзҳои 13 ва 14 апрели соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагони ватанӣ бо доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони давлатҳои хориҷи дуру наздик Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад. Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунанда, дастгирии рушди савдои берунӣ ва тақвият бахшидан ба равобити хориҷӣ гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд аз 9 марти соли 2018, №78 ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузор намудани анҷумани мазкур таъсис ва вазифадор карда шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабинии мазкур тадбирҳо андешад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо 13 ва 14 апрели соли 2018 Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад