Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Ба диққати журналистон: Қабули маводҳо ба озмуни вилоятии «Хома созанда - 2017» оғоз ёфт

( 0 Овоз )

Қабули маводҳо ба Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ таҳти унвони «Хома созанда - 2017», ки дар оғози соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон гардида буд, оғоз ёфт.

Озмуни мазкур бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд, саривақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон баргузор карда мешавад.

Журналистоне, ки ҳадафи иштирок дар ин озмунро доранд, метавонанд маводҳои худро то 20 октябри соли равон, ки марҳилаи ниҳоии қабули маводҳост, ба Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, утоқи 435 пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо Ба диққати журналистон: Қабули маводҳо ба озмуни вилоятии «Хома созанда - 2017» оғоз ёфт