Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи Рӯзи ангиштканон

( 0 Овоз )

Дӯстони азиз!

Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август чун Рӯзи ангиштканон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод намуда, барояшон дар амалишавии нақшаҳои нек барору комёбиҳо таманно дорам.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рушди соҳаи истихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии кишвар метавонад дар пешбурди иқтисодиёти кишвар, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад». Боиси хушнудист, ки ин нуқтаро кулли ангиштканони вилоят ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати афзоиши бемайлони истихроҷи ангиштсанг тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Бо қаноатмандӣ бояд қайд кард, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар   корхонаҳои   вилоят   767,5   ҳазор   тонна   ангишг истихроҷ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 86,7 ҳазор тонна зиёд аст.

Итминони комил дорам, ки ангиштканони вилоят баҳри амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта, қувва, матонат ва таҷрибаву малакаи худро дар ин самт равона хоҳанд кард.

Бо чунин таманнои нек ба кормандони соҳаи истихроҷи ангишти вилоят хонаи обод, рӯзгори пур аз файзу баракат ва саломативу барори кор орзу менамоям.

Идатон муборак, ангиштканони азиз!


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи Рӯзи ангиштканон