Хабарҳо
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ. Ҳамватанони бурунмарзӣ дасти кӯмак дароз карданд - 05.06.2020 08:27
Хуҷанд: Шоми дирӯз тавассути 20 адад техника ва 70 тонна маводи гидрохлориди натрий шаҳрро безарар гардониданд - 04.06.2020 16:45
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд - 04.06.2020 16:33
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ - 04.06.2020 16:30
Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд - 04.06.2020 16:27
Масъулини шаҳри Гулистон аз аҳолӣ даъват намуданд, ки​ қоидаҳои беҳдоштиву санитариро риоя намоянд - 04.06.2020 14:33
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 04.06.2020 11:55

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Афсарон ва сарбозони азиз!

Санаи 23 феврали соли 1993 барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо рӯзи таърихӣ аст. Зеро маҳз аз ҳамон рӯз қадамзании музаффаронаи Артиши миллӣ оғоз гардид, ки бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт.

Таи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд.

Фарзандони асили вилоят, дар қатори ҳазорҳо ҷавонони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо садоқат ва имони комил, бо даъвати виҷдону супориши Ватан дар сафҳои Артиши миллӣ баҳри адои қарзи фарзандӣ камар бастанд.

Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат,  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлолро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронида шудани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи Шумо дар роҳи садоқат ба Ватан, талоши пайваста барои ҳифзи суботу амнияти устувори Тоҷикистони азиз ва адои хизмати содиқонаи ҳарбӣ комёбиҳо таманно намуда, кулли афсарон, сарбозони гарнизони Суғд, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳро бо иди фирӯз, яъне Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод менамоям. Ба шумоён сарбаландию некномӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо орзумандам.


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон