Хабарҳо
вилояти Суғд - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:56
ВМКБ - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:51
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон-1” - 03.04.2020 14:19
КОРОНАВИРУС: АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕМ! - 03.04.2020 13:38
Дар ДДҲБСТ дар мавзӯи “Системаҳои иттилоотӣ: муаммаҳо ва дурнамои рушд” конференсияи илмию амалии вилоятӣ доир гардид - 03.04.2020 13:35
Суғд: Аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд - 03.04.2020 11:21
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Атласи Хуҷанд” - 03.04.2020 10:24
Яғмогаре, ки даъвои мардумпарварӣ дорад (Ё чи тавр «дилсӯзи миллат» Кабирӣ, бинои сохташавандаи беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро қисм-қисм карда фурӯхт) - 02.04.2020 17:13
Ҷавоб ба муҳаррири сомонаи «рисолат.тҷ» (Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ) - 02.04.2020 17:11
Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешавад - 02.04.2020 16:37

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 октябр дар саросари кишварамон мутантан таҷлил мегардад. Зеро забони тоҷикӣ бузургтарин асос, шиноснома, нишон ва ёдгори маънавиест, ки ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикосгари гузаштаи бою рангини сарнавишти таърихии халқамон мебошад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият, дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода намуда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт ва фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст. Гиромидошт, риояи меъёрҳо ва татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як рукни муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақоми таърихии забони тоҷикӣ ва хизмати фарзандони фарзона дар ҳифзу гиромидошти он дуруст таъкид намудаанд: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебову ноб, бо захираҳои ғаниву рангини луғоту таъбирот бароямон мерос мондааст”.

Тавассути осори пурғановати устод Рӯдакӣ забони тоҷикӣ пойдор гардида, умри ҷовидона касб кард. Минбаъд ин забон дар осори бузургоне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Абулмаонӣ Бедил, Аҳмади Дониш ва ҳазорон суханварони дигар ғановат ва шукуҳу шаҳомати хоса дарёфт.

Дар асри ХХ барои эҳёи забони тоҷикӣ ва халқи тоҷик саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ хеле бузург аст. Зеро китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” бори дигар мавҷудияти халқеро, ки таърих навишта ва таърих офарида ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Аз ин рӯ, ҳифзу эҳтиром ва гиромидошти забони давлатӣ бузургтарин вазифаи ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар маҳсуб меёбад.

Итминони комил дорам, ки таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар роҳи шинохти арзишҳои миллӣ, дарки масъулияти ватандорӣ ва маърифати арзишҳои олии маънавӣ моро дар ҷодаи худшиносиву худогоҳӣ ба натиҷаҳои нек раҳнамоӣ хоҳад кард.

Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон