Ошибка
  • DB function failed with error number 1194
    Table 'jos_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=SELECT COUNT(*) FROM jos_vvisitcounter WHERE tm >= '1633806000'
Хабарҳо
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии роҳ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд - 07.10.2021 17:30
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд - 07.10.2021 18:31
Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар вилояти Суғд - 08.10.2021 08:09
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Спитамен»-ро ифтитоҳ намуданд - 08.10.2021 09:30
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Форел»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 08.10.2021 12:11
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд - 08.10.2021 11:32
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 08.10.2021 11:16
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 08.10.2021 11:01
Ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд - 08.10.2021 11:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кӯдакистони «Зарзамин»-ро ба истифода доданд - 07.10.2021 10:12

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

( 0 Овоз )

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф аст. Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши муассири машъалафрӯзони роҳи фардои миллат – омӯзгорон дар тарбияи наслҳои ояндасоз баҳои сазовор додаанд: «Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад».

Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон зина ба зина ба беҳтар намудани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити хубу самарабахш баҳри пешбурди кори таълиму тарбия барномаҳои ҷадиди соҳавиро қабул ва дар амал татбиқ менамояд. Зиёд гардидани музди маоши омӯзгорон, ғамхорӣ барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, ҳавасмандгардонии онҳо тарбиятгарони насли ояндасозро барои натиҷаҳои фаъолият рӯҳбаланд мегардонад.

Омӯзгорони вилоят туфайли татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда барои баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилоотӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав ба натиҷаҳои дилхоҳ сазовор мешаванд. Натиҷаи заҳмати бобаракати омӯзгорон аст, ки тайи солҳои охир дар соҳа пешравиҳои зиёде ба назар мерасанд.

Итминони комил дорам, ки омӯзгорон чун нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз шароитҳои мусоиди барояшон фароҳамомада боз ҳам самараноктар истифода карда, бо тарбияи наслҳои ояндасоз дар пойдории сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи навин саҳми сазовор мегузоранд.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бори дигар кулли маорифчиёни вилоят, собиқадорони соҳа, устодону омӯзгоронро бо иди касбиашон самимона табрику муборакбод намуда, дар ҷодаи пурифтихори таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон барору комёбиҳо орзу менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон