Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Хол Ҳайдар

( 63 Овоз )

муовини якуми Раиси вилояти Суғд

Хол Ҳайдар 1 ноябри соли 1962 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин мебошад.

Хол Ҳайдар фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба ҳайси иқтисодчии калон оид ба буҷа дар шӯъбаи молияи вилояти Кӯлоб оғоз бахшида, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои иқтисодчии калони комиссияи нақшагирии Комиҷроияи Совети депутатҳои халқии вилояти Кӯлоб, котиби Кумитаи комсомолии омӯзишгоҳи касбию техникии № 38 шаҳри Кӯлоб, мудири шуъбаи масоили иҷтимоию иқтисодии Кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб, муовини раиси Созмони ҷавонони вилояти Хатлон, раиси Созмони ҷавонони шаҳри Кӯлоб, сармутахассиси шуъбаи таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи иқтисод ва молияи Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва ояндабинии Раёсати иқтисод ва молияи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсат – сардори шӯъбаи иқтисоди Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Мавсуф солҳои 2012 – 2015 дар вазифаҳои муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз марти соли 2015 то 22 январи соли 2019 муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз 22 январи соли 2019 муовини якуми Раиси вилояти Суғд таъин гардид.

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Хол Ҳайдар