Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Кӯмаки Пешвои муаззами миллат ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Санаи 16 майи соли равон бо ташаббус ва дастгирии саривактии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони вилоят ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, кӯмаки модди иборат аз 140 мошини пурбор аз пойтахти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас гардид.

Дар маҷмӯъ, кумаки модди аз 900 тонна маводи озуқа ва дорувориҳо иборат буда, маблағи умумии он беш аз 6,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ин кумак ба муассисаҳои тиббии вилоят, шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони ҳозиқ дастрас карда мешавад.

Маводи озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

Маводи тиббӣ бошад, аз номгӯи дорувориҳое, ки Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳури барои табобати бемории Covid - 19 муқаррар кардааст ва дигар лавозимоти тиббӣ, аз қабили корҷомаҳо, ниқобу дастпӯшҳо ва бастаҳои гигиенӣ фароҳам оварда шудааст. Кӯмаки Пешвои муаззами миллат худи ҳамин рӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас карда шуд.

Кӯмаки саривақтии Пешвои муаззами миллат бахусус, кормандони соҳаи тандурустиро рӯҳбаланд намуд ва боиси дастгирии ҳар фарди меҳанпараст маҳсуб меёбад. Табибон ва намояндагони соҳаи тандурустии вилоят аз ин кӯмаки хайрхоҳона изҳори хушнуди намуда, миннатдории хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Кӯмаки Пешвои муаззами миллат ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд