Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ

( 0 Овоз )

Раёсати вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 феврали соли 2020, № 69 «Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик» барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд.

Ба озмун кормандони васоити ахбори омма, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш панҷ сол ба аъзогӣ шомил ҳастанд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд.

Ба озмун маводи муаллиф (муаллифон), ки дар жанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва жанрҳои бадеӣ, аз ҷумла силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба дар матбуоти даврии қаламрави вилоят ва  ҷумҳурӣ дар соли 2019-ум чоп шудаанд, пешниҳод карда шаванд.

Маводи журналистон, ки дар озмуни вилоятии рӯзноманигорон таҳти унвони «Хомаи созанда – 2019» пешниҳод шуда, ғолиб дониста нашудааст, барои баррасӣ қабул карда намешавад.

Барои иштирок дар озмуни вилоятии журналистон довталаб (довталабон) бояд ба созмони аввалияи журналистӣ бо ариза муроҷиат намояд. Котибони созмонҳои ибтидоӣ баъди баррасии масъала дар маҷлиси созмони аввалияи рӯзноманигорон қарори дахлдор қабул карда, бо мактуби расмӣ ба номи раиси созмони вилоятиии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.

Дар ин замина, ҳамчунин камаш 10 маводи беҳтарин (нусхаи аслии дар нашрия чопшуда), ариза ва шарҳи ҳоли мухтасари довталаб, хислатнома аз ҷои кор, агар нафақагир бошад, аз созмони аввалияи журналистон, бояд то 1-уми марти соли 2020, соати 17.00 ба Раёсати созмони вилоятии ИЖ Тоҷикистон (шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20-ум, бинои КВДК “Кохи матбуот”, ошёнаи 5-ум) ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, утоқи 307, ба котиби масъули созмони вилоятии журналистон, бо ишораи "Ба озмуни вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ" пешниҳод карда шаванд. Аризае, ки баъди ин мӯҳлат ворид мегардад, қабул ва баррасӣ намешавад.

Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар рӯзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолиби (ғолибони)  озмун супурда мешавад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои

(92)-777-63-29, (92)-778-16-85, 4-66-05, 2-71-13 тамос гирифтан мумкин аст.

Раёсати созмони
вилоятии Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон


  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ