Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

Дар  толори Муассисаи давлатии театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо мақсади ҷалби бештари довталабон ба муассисаҳои олии касбии кишвар вохӯрии намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо хатмкунандагони солҳои 2019-2020 баргузор гашт.

Чорабиниро раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо оғоз намуда, зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муасссисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба касбомӯзӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ки амалӣ гардидани он на танҳо бо фаъолияти пурсамари омӯзгорон, балки кӯшишу ғайрати насли наврас низ вобастагӣ дорад.

Сипас намояндагони Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд, Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон баромад ва доир ба ихтисосу имконоти муассисаҳои фавқуззикр маълумот доданд.

Дар идома байни намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ашт доир ба масоили таълим, илм ва инноватсия, интихоби дурусти ихтисосҳо, иқтидори техникии муоссисаҳо, мавҷудияти хобгоҳ ва шароити будубош дар онҳо ва ғайра табодули афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт