Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Баргузории Фестивалҳои “Атласу адрас” ва “Чакомаи гесӯ” дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Бӯстон миёни тарроҳон, дӯзандагон, бонувону духтарон ва кӯдакон даври шаҳрии Фестивали «Атласу адрас» ва Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ва бонувони фаъоли шаҳру вилоят дар саҳни мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон доир гардид.

Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз ҳадафу самарҳои Фестивалҳои мазкур ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Фестивалҳо доир гардида, ҳадафи онҳо тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ ва ҷамолакбандию кокулбофӣ доир мегардад.

Ба маҳорату малакаи иштирокчиёни фестивалҳои мазкур аз рӯи бахшҳо аъзои ҳакамон баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба ғолибон димломи дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Фестивалҳои мазкур зиёда аз 100 нафар кӯдакону бонувон, духтарону ҷавонон бо пешниҳоди сару либоси муосир фаъолона ширкат намуданд.

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Баргузории Фестивалҳои “Атласу адрас” ва “Чакомаи гесӯ” дар шаҳри Бӯстон