Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Хуҷанд: мулоқоти нахустини номзадҳо

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва парлумони касбӣ оғоз гардид. Нахустин мулоқот дар Комиссияи ҳавзавии «Раззоқ», №1 оид ба интихоботи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, ки дар МТМУ №27 ҷойгир аст, баргузор шуд.

Дар ин муассисаи таълимӣ ҳамзамон, участкаи интихоботии №2-и ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх», № 5 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд низ воқеъ мебошад.

Наим Маликисломӣ, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоботи вакилони даъвати нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, вилоятҳо ва интихоботи вакилон ба ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо 1 марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Ин шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар мулоқот номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд, №13 Гулбаҳор Назирӣ, шахси боэътимоди номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрӯз Саидӣ – Анвар Ҳоҷиев, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Замира Ҳомидова, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Хуршед Ғафуров ва Зебо Аминова барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуданд.

Дар мулоқот аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба номзадони арзанда раъйи худро диҳанд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин мулоқоти номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқ дар участкаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон то санаи 28-уми феврали соли 2020 тибқи нақша пешбинӣ гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Хуҷанд: мулоқоти нахустини номзадҳо