Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Имрӯз 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд

( 0 Овоз )

54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 45 нафар донишҷӯён аз шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин, маркази пайдоиши коронавирус, ба Ватан  баргардонида шуданд. Ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр», ки дирӯз бо ин мақсад ба Чин парвоз карда буд, имрӯз соати 6-и субҳ дар Фурудгоҳи низомии «Айнӣ», воқеъ дар 15-километрии Душанбе, фуруд омад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Шаҳрвандони аз Чин баргаштаро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Вуҳан  баргардонида шуданд, ду гуруҳи табибон қабул намуданд. Ин шаҳрвандон  муддати ду ҳафта дар карантин ва ё зери назорати табибон хоҳанд буд. Онҳо ҳар рӯз се маротиба бо хӯроки ройгон таъмин карда, чандин маротиба ҳарорати бандан ва вазъи саломатиашон санҷида мешавад.

Ба эҳтимоли зиёд шаҳрвандони баргашта давраи карантини худро дар осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб сипарӣ хоҳанд намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Насим Олимзода хабар дода буд, барои пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода, дар ҳамаи 27 гузаргоҳи марзӣ навбатдории шабонарӯзии табибон ва мутахассисони идораю муассисаҳои дигари  дахлдор ташкил карда шудааст. То  рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 645 нафар шахсоне, ки  аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, бо карантин фаро гирифта шудаанд. Аксари онҳо донишҷӯён ва соҳибкорон буда, 47 нафарашонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

Бино ба қавли Насим Олимзода, аз байни шахсони дар карантинбуда то охири ҳафтаи гузашта ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Имрӯз 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд