Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Боздиди роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия аз «Боғи миллии Ваҳдат»

( 0 Овоз )

17 сентябри соли 2021 президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин ва ҳамроҳонаш ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварданд.

Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати ФР ва соҳибкорони рус дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид карда, бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки дар вилояти Суғд истеҳсол мегардад, шинос шуданд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд гардида, дар соли 2020 ба 10,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 1991 чор маротиба зиёд аст. Дар вилоят танҳо дар даҳ соли охир майдони боғу токзор беш аз 25 ҳазор гектар афзуда, аксари боғҳои навбунёд интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки бо назардошти серхаридор будани сабзавоту меваҷоти Тоҷикистон дар Россия доираҳои соҳибкории ҳарду ҷониб метавонанд барои содироти бештари маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба Федератсияи Россия лоиҳаҳои навро амалӣ созанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия аз «Боғи миллии Ваҳдат»