Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар деҳаи Басманда Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои иловагии мактаб, ки сохтмони он дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд, бо тариқи ҳашар ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон бунёд гардид.

Бинои мазкур аз 8 синфхонаи иловагӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, барои 200 хонанда  пешбинӣ шудааст.  Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аҳли деҳа ва шахсони саҳоватпеша аз қабили Юсуфов Хайтбой, Акрамов Акрам, Бобоев Бобоҷон, Комилов Мирҳомид, Ҳалимов Акрам дар бунёди ин бино саҳми арзанда гузоштанд. Дар бунёди синфхонаи иловагӣ инчунин омӯзгорони муассисаи таълимӣ фаъолияти назаррас намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд