Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Таъсиси 30 корхонаву коргоҳҳои нав бо 464 ҷойҳои нави корӣ

( 0 Овоз )

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон  22.03.2020Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар вилояти Суғд бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2020 ба истифода додани 119 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 2308 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи соли 2020 дар миқёси вилоят 30 корхонаву коргоҳҳои нав бо 464 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Дар самти бунёди коргоҳҳои дўзандагӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ низ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, давоми 3 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 5 коргоҳи нави дўзандагӣ бо 59 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 3 миллиарду 321,6 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 119,4 фоиз таъмин гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таъсиси 30 корхонаву коргоҳҳои нав бо 464 ҷойҳои нави корӣ