Хабарҳо
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Конибодом - 11.08.2020 08:53
Бо қарори КМИР 68 комиссияи ҳавзавии интихобот ташкил гардид - 10.08.2020 18:51
Ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид - 10.08.2020 17:11
Суханронии яке аз сагбачаҳои «Гуруҳи -24» нисбати хиёнаткорихои наҳзат ва кабирии палид - 10.08.2020 16:58
САНОАТИКУНОНӢ- ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. ҶДММ «Меваи Канд» ба маблағи 795 ҳазору 617 сомонӣ маҳсулот содирот кард - 10.08.2020 17:01
Ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар Ашт - 10.08.2020 16:53
Баргузории машварати августии омӯзгорон дар шаҳри Исфара - 10.08.2020 16:51
Деваштич. Ба муносибати Рӯзи варзишгарон чорабинии идона доир гардид - 10.08.2020 16:33
Табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон - 10.08.2020 13:36
Саҳми сохтмончиён дар бунёди иншооти гуногун назаррас аст - 10.08.2020 09:39

Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир-Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунëди боғи нав, ки дар он ниҳоли дарахтони ба содирот нигаронидашуда шинонида мешавад, асос гузоштанд.

Замини мавзеъи “Рухак”, ки солҳо боз бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд, бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир-Суғд” дар марҳилаи аввал дар майдони зиёда аз 1100 гектар бунëди боғи нав оғоз карда шуд.

Ҳамзамон аҳли заҳмат дар ин мавзеъ беҳтарин навъҳои ниҳоли дарахтони чормағз, бодом, анор, ангур, гелос ва хуч шинонида истодаанд, ки ба иқлими ин ҷо мутобиқ ва серҳосил мебошанд. Боғи навбунëд тавассути се пойгоҳи обкашӣ бо системаи қатрагӣ обёрӣ карда мешавад, ки аллакай дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шудааст. Дар мавзеъи “Рухак” имкони бунëди зиëда аз 3 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир — Суғд” азм доранд, ки тадриҷан майдони боғу токзорро васеъ намоянд.

Сарвари давлат бо лоиҳаи бунëди боғу токзор, гармхона, қитъаи ниҳолпарварӣ, фермаи чорвои шохдори калон, фермаи мурғпарварӣ ва қитъаи чарогоҳ барои хӯроки чорво, ки марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад, шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати анҷоми муваффақонаи тадбири муҳим дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар мавзеъи “Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунëди фермаи чорвои калони шохдор дар масоҳати 4 гектар барои парвариши 400 сар, Фермаи мурғпарварӣ дар масоҳати 2 гектар бо парвариши 200 ҳазор сар мурғи тухмдеҳу гӯштӣ, гармхонаи парвариши сабзавоту гул дар 3 гектар ва дар 2 гектар замин қитъаи ниҳолпарварӣ бо иқтидори истеҳсолии 2 миллион бех ниҳол, аз ҷумла ниҳоли интенсивӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати пурра аз худ намудани замини мавзеи “Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бунëди фермаҳои мурғпарварию чорвои калони шохдор ва гармхонаву қитъаи ниҳолу гулпарварӣ муҳайë гардидани наздик ба 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба миëн хоҳад омад.

Дар ин мавзеъ ҳамзамон иншооти ёрирасон бунёд карда шудааст, ки инфрасохтори мазкур ҷиҳати рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ ва чорводорию парандапарварӣ замина мегузорад. Бунëди боғи ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба афзун гардидани иқтидори содиротӣ низ мусоидат намуда, даромади кооперативи истеҳсолии “Самири — Суғд” аз ин ҳисоб бештар хоҳад шуд.

Дар мавзеи “Рухак” бо обёрии пурраи замини талу теппаҳо имкон фароҳам мегардад, ки кишти зироатҳо ва полезӣ васеъ ба роҳ монда шуда, аҳли заҳмат дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳм гузоранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир-Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров