Хабарҳо
вилояти Суғд - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:56
ВМКБ - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:51
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон-1” - 03.04.2020 14:19
КОРОНАВИРУС: АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕМ! - 03.04.2020 13:38
Дар ДДҲБСТ дар мавзӯи “Системаҳои иттилоотӣ: муаммаҳо ва дурнамои рушд” конференсияи илмию амалии вилоятӣ доир гардид - 03.04.2020 13:35
Суғд: Аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд - 03.04.2020 11:21
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Атласи Хуҷанд” - 03.04.2020 10:24
Яғмогаре, ки даъвои мардумпарварӣ дорад (Ё чи тавр «дилсӯзи миллат» Кабирӣ, бинои сохташавандаи беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро қисм-қисм карда фурӯхт) - 02.04.2020 17:13
Ҷавоб ба муҳаррири сомонаи «рисолат.тҷ» (Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ) - 02.04.2020 17:11
Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешавад - 02.04.2020 16:37

Имрӯз 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд

( 0 Овоз )

54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 45 нафар донишҷӯён аз шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин, маркази пайдоиши коронавирус, ба Ватан  баргардонида шуданд. Ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр», ки дирӯз бо ин мақсад ба Чин парвоз карда буд, имрӯз соати 6-и субҳ дар Фурудгоҳи низомии «Айнӣ», воқеъ дар 15-километрии Душанбе, фуруд омад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Шаҳрвандони аз Чин баргаштаро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Вуҳан  баргардонида шуданд, ду гуруҳи табибон қабул намуданд. Ин шаҳрвандон  муддати ду ҳафта дар карантин ва ё зери назорати табибон хоҳанд буд. Онҳо ҳар рӯз се маротиба бо хӯроки ройгон таъмин карда, чандин маротиба ҳарорати бандан ва вазъи саломатиашон санҷида мешавад.

Ба эҳтимоли зиёд шаҳрвандони баргашта давраи карантини худро дар осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб сипарӣ хоҳанд намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Насим Олимзода хабар дода буд, барои пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода, дар ҳамаи 27 гузаргоҳи марзӣ навбатдории шабонарӯзии табибон ва мутахассисони идораю муассисаҳои дигари  дахлдор ташкил карда шудааст. То  рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 645 нафар шахсоне, ки  аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, бо карантин фаро гирифта шудаанд. Аксари онҳо донишҷӯён ва соҳибкорон буда, 47 нафарашонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

Бино ба қавли Насим Олимзода, аз байни шахсони дар карантинбуда то охири ҳафтаи гузашта ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Имрӯз 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд