Хабарҳо
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23
“Воҳиди таъиноти махсуси милитсия сипари ҷомеа аст” – бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии воҳиди таъиноти махсус - 06.12.2019 09:51
Ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон - мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ноҳияи Айнӣ - 06.12.2019 09:46
5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид - 06.12.2019 09:43
Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​ - 05.12.2019 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 05.12.2019 15:52
Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт - 05.12.2019 14:03
Баргузории даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” дар Бӯстон - 05.12.2019 10:01

Ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Роғун бо афсарону сарбозон мулоқот намуданд

( 0 Овоз )

Бо мақсади ошноӣ аз шароити хизмати афсарону аскарон, ташвиқу тарғиби ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ифтихор ва ҳуввияти миллӣ  як гурӯҳ аъзоёни фаъол, кормандони дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, ки ба он ҳамчунин рӯзноманигорону нависандагон, кормандони иттифоқи касабаи коркунони соҳаи нафт, кимиё ва саноати маҳалӣ дар вилояти Суғд шомил буданд, рӯзи 3 ноябр ба шаҳри Роғун рафтанд.

Шоми он рӯз дар қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Роғун қарор дорад, мулоқоти гарму самимии кормандон бо афсарону аскарон сурат гирифт.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар афсарону аксаронро ба муносибати 25- солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, баён дошт, ки бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ куллан беҳтар шуда, имрӯз Артиши миллии мамлакат ба як ниҳоди тавоно ва пурқудрат мубаддал гаштаааст. Таъкид шуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмард буда, маҳз ҳушёриву зиракии афсарону аскарони далеру шуҷои кишвар аст, ки сулҳу оромӣ дар кишвар ҳукмфармо аст.

Дар суханронии сардори қисми ҳарбӣ полковник Шамолзода Мирзосафар зикр  шуд, ки чунин таваҷҷуҳу ғамхорие,  ки  имрӯз кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ кардааст, барои афсарону аскарон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан раҳнамоӣ мекунад.

Аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиб ва рӯзноманигор Юсуф Насрулло аскарону афсаронро ҷавонони хушбахти замон унвон карда, баён дошт, ки хизмат дар чунин шароит ва ҳимояи иншооти бузурги аср ҳам ифтихор ва ҳам шарафи ҳар як ҷавонмард аст.

Бо нишонаи ихлос ва таваҷҷуҳ ба китобхонаи қисми ҳарбӣ китобҳои ба тозагӣ нашршуда аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим гардид.

Ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд ҳамзамон аз иншооти бузурги аср - Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” боздид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Роғун бо афсарону сарбозон мулоқот намуданд